Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Колин Повел: Кӯшишҳои нави дипломатии Амрико дар Осиёи Марказӣ



Холидаи Қодир

Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, сафари Повел кӯшишҳои нави дипломатии Амрико дар Осиёи Марказӣ мебошад, дар ҷумҳурие, ки минтақаи таҳти нуфуси Русия ба шумор меравад.



Сафари котиби давлатии ИМ Колин Повел ба Осиёи Марказӣ шояд равобиту ҳамкориҳои бесобиқаро миёни Амрико ва минтақа поягузорӣ мекунад. Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, сафари Повел кӯшишҳои нави дипломатии Амрико дар Осиёи Марказӣ мебошад, дар ҷумҳурие, ки минтақаи таҳти нуфуси Русия ба шумор меравад. Дар маъракаи зиддитеррор дар Афғонистон ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба муттафиқони муҳими Осиёи Марказӣ табдил ёфтанд. Агарчӣ президенти Русия Владимир Путин ба ҳамкории онҳо бо Амрико ба истилоҳ, фотиҳаи нек дод, вале боз ҳам баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки Амрико аз ин имконият барои роҳ ёфтан ба минтақаи сарватманди Осиёи Марказӣ истифода хоҳад кард. Котиби давлатии Амрико сафари худро ба Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон шурӯъ мекунад. Ин аслан бахше аз боздидҳои Повел аз Аврупову Осиё мебошад. Дар Қазоқистон ӯ бо президент Нурсултон Назарбоев ва вазири корҳои хориҷӣ Ерлан Идрисов вазъи Афғоснитонро баррасӣ мекунад. Дар Бишкек ӯ бо раиси ҷумҳурӣ Аскар Оқоев ҳамкории Қирғизистонро бо эътилофи зиддитеррор матраҳ хоҳад кард. Мақомоти Узбакистон аз додани ҷузъиёти мулоқотҳои Повел бо раҳбарони ин ҷумҳурӣ худдорӣ карданд. Узбакистон дар маъракаи зиддитеррор як пойгоҳи ҳарбии худро дар ихтиёри Амрико гузоштааст. 1000 сарбози амрикоӣ дар ин ҷумҳурӣ мустақар мебошанд. Вале Тошканд мегӯяд, ки Амрико қаламрави Узбакистонро танҳо барои амалиёти ҷусутуҷӯву наҷот истиофда мекунад. Ҳафтаи гузашта президенти Қазоқистон Назарбоев изҳор кард, ки ҷумҳурии вай омода аст, нирӯҳои эътилофи зидди террор дар хоки худ ҷой бидиҳад. Қирғизистон изҳори омодагӣ мекунад, ки пойгоҳҳои ҳарбии худро дар ихтиёри ин эътилоф гузорад. Амрико дар нисбати Осиёи Марказӣ то ҳол як сиёсати дуруст ҳамоҳангшуда надорад. Дар тӯли даҳ соли ахир, Амрико дар сиёсаташ нисбати Осиёи Марказӣ асосан рӯи як масъала, лӯлаҳои нафткаш тамаркуз мекард. Ҳоло баъзе таҳлилгарон чунин назар доранд, ки Амрико дар марҳилаи нав низ дар Осиёи Марказӣ танҳо як манфиат дорад, ки он пайдо кардану аз байн бурдани бин Лоден ва шабакаи ӯ мебошад. Аз ҳамин сабаб, гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ташвиш доранд, ки ин масъала боиси сарфи назар кардани Амрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Дар ин масъала онҳо бештар Узбакистонро мисол меоваранд. Узбакистон то ҳамлаҳои террористии 11 сентябр барои вазъи ҳуқуқи башар мавриди танқиди Ғарб буд. Вале ҳоло ҳамкори муҳимтарини Амрико дар Осиёи Марказӣ мебошад. Мавқеъи нави Узбакистон ҳатто аҳамияти кишвари сарватмандтарини минтақа Қазоқистонро ба ҷои дуввум гузошт. Вале сарфи назар аз ин гуфтугӯҳо, Ерлан Карин, мудири оҷонсии Осиёи Марказӣ барои Пажӯҳишҳои сиёсӣ, ба сафари Повел ба минтақа ва ояндаи неки равобити Осиёи Марказӣ бо Амрико хушбин аст. Карин мегӯяд, ки сафари котиби давалтӣ таваҷҷӯҳи Вошингтонро ба минтақа нишон медиҳад. Ба назари Карин, ин шурӯъи муносибатҳои бомувозина ва дарозмуддат байни Амрикову Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG