Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои мубориза бо терроризм барномаи амалро қабул кард



Соҷидаи Мирзо

Нишасти солонаи вазирони хориҷии 55 кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Бухарест бо қабули барномаи амал, иборат аз чораҳои оҷили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ба поён расид.

Нишасти солонаи вазирони хориҷии 55 кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Бухарест бо қабули барномаи амал, иборат аз чораҳои оҷили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ба поён расид. Ҷаласаи дурӯзаи Созмон дар пасманзари хуруҷи навбатии хушунат дар Ховари Миёна ва идомаи амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон баргузор гардид. Раиси даврагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, вазири хориҷии Руминия Мирчо Ҷоана гуфт, барномаи амали густарда, иборат аз маҷмуъи тадобири мубориза бо терроризми байналмилалӣ баъди ҳуҷум ба Иёлоти Муттаҳида оҷилан тарҳрезӣ шуд. Раиси Созмон афзуд, ҳуҷум танҳо вазъи амниятии Иёлоти Муттаҳидаро ба хатар рӯ ба рӯ накард. Ин амали терористӣ арзишҳои муштараки мо ва амнияту оромию осудагиро зери хатар гузошт. Созмон дар изҳороти ниҳоии худ гуфтааст, барнома ҳадаф дорад заминаҳои пайдоиши терроризмро бо роҳи аз байн бурдани нобаробарии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ решакан кунад. Дар чаҳорчуби барнома кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо тасмим доранд то охири соли 2002 ҳамаи санадҳои Созмони Милал, дар заминаи муборизабо терроризмро имзо кунанд. Кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо ҳамчунин қарор намуданд, ки дар роҳи муқовимат бо хатарҳои марбут ба терроризм ба давлатҳои Осиёи Марказӣ кӯмаки молӣ ва техникӣ расонанд. Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида Коллин Павл дирӯз аз пешравии созмон дар чаҳоряки аср изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо итминон аз он ки созмон ҳамчун Нирӯи Озодӣ боқӣ мемонад омодааст бо тамоми кишварҳои узви он ҳамкорӣ кунад. "Имруз ҳамаи 55 кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо давлатҳоим мустақиланд ва барои асри нав хати маши худро доранд. Мо набояд аз қурбонии занон ва мардон, ки бо фишорҳои тоталитарӣ рӯ ба рӯ буданд фаромуш кунем. Дар солҳи пешомад, Иёлоти Муттаҳида тасмим дорад бо ҳамаи шумо ҳамкорӣ кунад, бо итминоне, ки Созмон ҳамчун нирӯи ҳаётан муҳим ва таъсирбахши озодӣ, рушду такомул ва сулҳу амният дар Аврупо ва сароссри олам боқӣ меонад." Котиби Давлатии Амрико гуфт, Вошингтон аз барномаи амали Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо пуштибонӣ мекунад. Аммо кишварҳои узви созмонро даъват намуд, ки дар мубориза бо терроризм аз иқдомоти бештар аз муҷозоти терроризм кор бигиранд. Раиси кумитаи равобити байналмилаии Иттиҳоди Аврупо Крисс Патен низ изҳор дошт, ки барои ҷилавгирӣ терроризм тадобири бештар заруранд. Намояндаи Иттиҳоди Аврупо ҳушдор дод, ки давлатҳои заъифи имрӯз ба осонӣ туъмаи фардои терроризм мешванд. Ӯ аз ягон кишвари мушаххас ном набурд аммо гуфт, Иттиҳоди Аврупо бо афзоиши ду баробари кӯмак, ба кишварҳои Оиёи Марказии ҳамммарз бо Афғонистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳад кард. Коллин Павл, ки бо мақсади таҷаммӯъи нирӯҳо барои мубориза бо терроризм сафари худро ба 10 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз Бухарест шурӯъ намуд, нақши афзояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ҷиҳати овардани сулҳу амният ба манотиқи амсоли балкан ва Чеченистон таъкид кард. Нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо дар сояи шурӯъи хушунати Ховари Миёна ҷараён гирифт. Вазири Хориҷии Исроил Шимон Пересс дар нишасти Бухарест аз сарвари Фаластин Ёсир Рафот даъват намуд, ки мушти ба истилоҳ раҳбарии худро нишон диҳад ва ифротгароёни фаластиниро аз байн бубарад. Котиби Давлатии Амрико аз ҳар ду ҷониб тақозо намуд, ки бо эълони оташбас ба раванди музокирот баргарданд.

XS
SM
MD
LG