Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар раванди сулҳ дар Афғонистон ИМА чӣ нақше хоҳад дошт?



Холидаи Қодир

Дар сафи нирӯҳои посдори сулҳи байналмилалӣ дар Афғонистон кишварҳои мусулмон бояд саҳми дурусти худро дошта бошанд. Вале тарҷеҳ дода намешавад, ки сарбозони кишварҳои ҳамсоя дар сафи посдорони сулҳ дар Афғонистон мустақар шаванд. Чунин аст, пешниҳоди гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо.



Дар сафи нирӯҳои посдори сулҳи байналмилалӣ дар Афғонистон кишварҳои мусулмон бояд саҳми дурусти худро дошта бошанд. Вале тарҷеҳ дода намешавад, ки сарбозони кишварҳои ҳамсоя дар сафи посдорони сулҳ дар Афғонистон мустақар шаванд. Чунин аст, пешниҳоди гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо. Таври маълум, интизор меравад, ки баъди хатми ҷанги кунунии Афғонистон нирӯҳои байналмилалӣ барои таъмини амнияти раванди сулҳ дар ин кишвар мустақар хоҳанд шуд. Оё дар ин раванди сулҳ ИМА чӣ нақше хоҳад дошт? Як гурӯҳ мутахассисон аз гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо, дар як гузориши вижа пешниҳод ва интизороти худро дар мавриди кӯмаки Амрико дар раванди эҳёи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисоди Афғонистон ҷой додаанд. Гурӯҳи байналмилалии Омӯзиши бӯҳронҳо гузориши худро дар як нишасти махсус дар Вошингтон муаррифӣ кард. Дар ин ҳуҷҷат пешниҳод мешавад, ки бахше аз нирӯҳои посдори сулҳи байналмилалӣ бояд аз сарбозони кишварҳои мусулмон ташкил шавад. Вале ин сарбозон набояд аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бошанд, зеро ба назари мутахассисон, овардани нирӯҳои мамолики ҳамҷавор метавонад боиси густариши низоъ шавад. Созмони Милали Муттаҳид бояд фаъолияти нирӯҳои байналмилалиро боэҳтиёт ҳамоҳанг созад. Гурӯҳи Байналмилалии Омӯзиши Бӯҳронҳо ҳамчунин дар мавриди бахшҳои дигари барқарорсозии Афғонистон пешниҳодҳо кардааст. Таҳлилгари ин гурӯҳ Майкл О-Ҳанлон мегӯяд, ИМ дар сиёсати Афғоснитон бояд таваҷҷӯҳ кунад, ки дар ин ҷо ҳар минтақа, ҳар гурӯҳи этникӣ вижагиҳои худро дорад. Дар тӯли солҳо дар Афғонистон як ҳукумати марказӣ вуҷуд надошт. Мутахассиси дигари Гурӯҳи Омӯзиши Бӯҳронҳо, Стивен Коҳен мегӯяд, дар шароити кунунӣ Афғонистон аз силоҳу гурӯҳҳои мусаллаҳ пур аст. Вале ин кишвар таърихан мақомоти марказии ҳарбӣ надошт. Агар ба ин масъала таваҷҷӯҳи хос дода навашад, Афғонистон ба шакли собиқи худ бармегардад ва дар ҳар минтақа фармондеҳи алоҳидае ба майдон омада фаъолияти худро бо пули маводи мухаддира маблағгузорӣ мекунад. Чунин ҳол на барои Афғонистон ва на барои соири ҷаҳон қобили қабул нахоҳад буд. Ба назари Стивен Коҳен, барои таъсиси нирӯҳои амниятӣ, Афғонистон метавонад аз таҷрибаи Африқои Ҷанубӣ истифода кунад. Солҳои ахир, ин кишвар сохтори ҳарбии худро пурра ва муваффақона тағйир дод. Ғайр аз масоили амниятӣ, мутахассисон интизор доранд, ки Амрико барои беҳбуди бахши маориф, матбуот, мухобирот ва ба вижа, барои аз байн бурдани тиҷорати маводи мухаддира кӯмак хоҳад кард. Гурӯҳи байналмилалии Омӯзиши Бӯҳронҳо тахмин мекунад, ки Амрико барои эҳёи Афғонистон дар тӯли панҷ соли оянда тахминан 6 миллиард доллар таҳия мекунад.

XS
SM
MD
LG