Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи сулҳи Афғонистон



Соҷидаи Мирзо

Созишномаи сулҳи Афғонистон ва ё созишномаи Бонн анҷоми низоъи фоҷеъабори мардуми афғон ва оғози оштии миллӣ, сулҳу оромӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар дар Афғонистонро эълон кард.



Созишномаи сулҳи Афғонистон ва ё созишномаи Бонн анҷоми низоъи фоҷеъабори мардуми афғон ва оғози оштии миллӣ, сулҳу оромӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар дар Афғонистонро эълон кард. Созишнома бо таъкиди нақши калидии Афғонистон дар мубориза бо терроризм ва изҳори қадрдонӣ аз муборизаи тӯлонии муҷоҳидини афғон барои ҳимояи истиқлолият, як порчагӣ ва иттиҳоди миллӣ дар Афғонистон мегӯяд, муборизаи муҷоиҳидин акнун ба ҷабҳаи дигар, ҷабҳаи барқарории сулҳу амният ва оштии мардуми кишварашон мекӯчад. Дар ин санад ҳамчунин аз профессор Бурҳониддин Раббонӣ раҳбари Иттиҳоди Шимол, барои дарки масъулият ва омодагӣ ҷиҳати интқоли бебаҳси қудрат ба ҳукумати мувақатӣ изҳори миннатдорӣ шудааст. Созишномаи сулҳи Афғонистон, ки на танҳо пешравӣ барои худи кишвар балки як амали таъсирбахш барои саросари ҷаҳон ба шумор меояд, дар нахустин банди худ рӯзи интиқоли қудратро ба ҳукумати муваққатӣ, иборат аз раис, панҷ муовин ва 24 узв, ба муддати 6 моҳ, 22 декабр муаян кардааст. Ҳукумати мувақатӣ иборат хоҳад буд аз раиси маъмурият, камиссиюни махсуси ташкили Лоя Ҷирга ва Додгоҳи Олӣ. Ин санад меафзояд, ҳукумати мувақатӣ баробари интиқоли қудрат масъулияти истиқлолияти Афғонистонро дар душ хоҳад дошт ва дар муддати шаш моҳ равобитро бо кишварҳои хориҷӣ ва институтҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад ва курсии Афғонистонро дар Созмони Милали Муттаҳид ишғол мекунад. Дар банди чаҳоруми созишномаи Афғонистон омодааст, Лоя Ҷирга ва ё Шӯрои Олии Афғонҳо дар тӯли шаш моҳи фаъолияти ҳукумати мувақатӣ даъват мешавад. Нишастро шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ боз мекунад. Сарнавишти ҳукумати давраи гузариши Афғонистон бо ширкати намояндагони ҳамаи гурӯҳу қавмҳои афғонро Лоя Ҷирга ҳал мекунад. Ин ҳукумат ду сол, аз замони даъвати Лоя Ҷирга, фаъолият хоҳад кард, то имкони интихоботи озод ва одилона дар кишвар ба миён ояд. Созишномаи сулҳи Афғонистон меафзояд, дар давоми 18 моҳи фаъолияти ҳукумати даври гузариш, бо мақсади барррасии қонуни асосии кишвар Лоя Ҷиргаи конунӣ даъват мешавад. Санади сулҳи Афғонистон бар пояи муаян намудани салоҳияти сохтори додгоҳии кишвар мегӯяд, додгоҳи Афғонистон мустақил буда аз ҷониби Додгоҳи Олии кишвар идора мешавад ва чун ниҳодҳои дигар онро низ ҳукумати мувақатӣ таъин ва ташкил мекунад. Дар банди марбут ба масъулиятҳои ҳукумати мувақатӣ ҳамчунин гуфта мешавад. Ҳукумати мувақатӣ, бо кӯмаки Созмони Милали Муттаҳид ва Камиссиюни Иҷтимоӣ рӯйхати номзадҳоро барои шомил шудан ба мақомҳои калидӣ ва ҳамчунин мақомоти улусвориҳо, бо назардошти салоҳияти кории онҳо омода мекунад. Дар мавзӯи дардноки Афғонистон, ҳимояи ҳуқуқи башар, ки дар гузашта ва феълан низ боиси нигаронии созмонҳои ҳуқуқи инсон аст, Созишнома банди махсус ҷудо намуд. Гуфта мешавад, ки ҳукумати мувақатӣ бо кӯмаки Созмони Милали Муттаҳид камиссиюни мустақил созмон хоҳад дод, ки вазифаи он аз ҳимояи ҳуқуқи инсон, баррасии ҳодисоти поймолшавии ҳуқуқ ва хушунат алайҳи инсон иборат аст. Ба ҳукумати мувақатӣ ҳамчунин ҳуқуқ дода шуд, ки дар сурати зарурат ҳамроҳ бо Созмони Милал камиссиюнҳои дигарро низ созмон диҳад. Таъкид шудааст, ки мақомоти мувақатии Афғонистон дар мавриди мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташакил бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунад. Ба қавонини байналмилалӣ эҳтиром мегузорад ва равобити дӯстонаро бо кишварҳои ҳамсоя ба роҳ мемонад. Ширкаткунандагони нишасти Бонн эътироф намуданд, ки масъулияти риояи қонуну тартибот дар саросари Афғонистон, қабл аз ҳама ба худи афғонҳо марбут аст. Бо назардошти ин нуқта ҷиноҳҳои афғон ваъда доданд, ки амниятро бо ҳама маънояш, ба ҳама, бо шумули Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари мустақар дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард. Барои боло бурдани тавони нирӯҳои Амниятии ҳукумати мувақатӣ, тамрину омода намудани онҳо, ҷиноҳҳои афғон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ кӯмак мехоҳанд. Ҳамзамон ҷиноҳҳои афғон дар музокироти Бонн аз Созмони Милали Муттаҳид дархост намуданд, ки нирӯҳои худро дар қаламрави Афғонистон мустақар кунад. Ин нирӯҳо дар таъмини амнияти Кобул ва шаҳрҳои дигари марказӣ саҳм хоҳанд дошт. Ҷиноҳҳои афғон дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, омодаанд нирӯҳои худро аз манотиқи таҳти назари нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон берун кашанд. Ҷиноҳҳои афғон, ки рӯзи 5 декабр созишномаи таърихии сулҳро дар Бонни Олмон имзо намуданд, аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дархост мекунанд, ки барои таъмини истиқлолияти миллӣ, якпорчагӣ ва ҷилавгирӣ аз дахолати кишварҳои хориҷӣ ба умури Афғонистон чораҳои зарурӣ андешанд.

XS
SM
MD
LG