Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти расмии Исроил ҳукумати Фаластинро ба ҷонибдорӣ аз терроризм муттаҳам карданд



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Нирӯҳои ҳавоии Исроил имрӯз мақари хадамоти амнияти Фаластинро бомбаборон карданд. Чархболҳо бинои пулисро дар Рамаллоҳ, Соҳили Ғарби Урдун, мустақар дар ҳамсоягии ситоди сарвари Фаластин-Ёсир Арафот мушакборон намуданд.

Нирӯҳои ҳавоии Исроил имрӯз мақари хадамоти амнияти Фаластинро бомбаборон карданд. Чархболҳо бинои пулисро дар Рамаллоҳ, Соҳили Ғарби Урдун, мустақар дар ҳамсоягии ситоди сарвари Фаластин-Ёсир Арафот мушакборон намуданд. Ҳамзамон объектҳои фаластинӣ дар шаҳрҳои Салафот ва Тулкарим зери оташ карор гирифтанд. Дар Бахши Ғазза маҳаллаҳои аҳолинишини Ғазза ва Хон Юнус мавриди ҳамлаи чархболҳо қарор доштанд. Ҳукумати Исроил дар ҷаласаи оҷил шаби гузашта эълом дошт, ки ҳукумати Фаластин ва сарвари он Ёсир Арафот аз террористоне, дар Байтулмукаддас ва Ҳайфа беш аз 26 нафарро ба ҳалокат расониданд, ҷонибдоранд. Сарвазири Исроил Ариел Шарон масъулияти амалҳои террористиро бар дӯши Ёсир Арафот гузошт. Ёсир Арафот-сарвари Фаластин дар навбати худ Ариел Шаронро барои кӯшишҳои қатъ кардани раванди сулҳ муттаҳам карда, афзуд, ки сарвазири Исроил бо ин гуфтаҳо саркӯб кардани террорисмро намехоҳад. Сарвазири Британия Тони Блер ва президенти ИМ Ҷорҷ Буш аз сарварони Исроил ва Фаластин даъват карданд, ки барои ба иътидол овардани вазъ аз тамоми имконот истифода баранд. Котиби давлатии ИМ Колин Пауел бо Шимон Перес вазири корҳои хориҷии Исроил имрӯз аз тарафҳои даргир даъват карданд, ки ба зӯроварӣ хотима диҳанд.

XS
SM
MD
LG