Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳри Қандаҳор охирин пойгоҳи қудратии Толибон дар муҳосира қарор дорад



Гулбаҳори Муродӣ

Ҳавопаймоҳои ҷангии Иёлоти Муттаҳида, имрӯз ба нирӯҳои Толибон, ки талоши дар паноҳгоҳҳои зеризаминии фурудгоҳи шаҳри Қандаҳор, охирин пойгоҳи Толибон дар ҷануби Афғонистон, пинҳон шуда доштан, зарба заданд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Иёлоти Муттаҳида, имрӯз ба нирӯҳои Толибон, ки талоши дар паноҳгоҳҳои зеризаминии фурудгоҳи шаҳри Қандаҳор, охирин пойгоҳи Толибон дар ҷануби Афғонистон, пинҳон шуда доштан, зарба заданд. Тибқи иттилоъи хабаргузориҳо, шаҳри Қандаҳор дар муҳосираи нирӯҳои зидди Толибон қарор дорад. Дар шаҳр, гуфта мешавад дар хабарҳо, танҳо нирӯҳои Толибон ва ҷангадаҳои сарсахти хориҷии онҳо ҳастанд, ки аз тарафи гурӯҳҳои мухталифи мухолифашон дар ҳалқа гирифта шудаанд. Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз раҳбарони қабилаҳои паштуни маҳаллӣ мегӯяд, ки нирӯҳои онҳо дар ҳудуди се ҳазор ҷангада дар атрофи Қандаҳор ҷамъ омаданд, вале феълан ҳамларо оғоз накардаанд. Онҳо ба нирӯҳои Ҷабҳаи Иттиҳоди Шимол гуфтаанд, ки ба кӯмаки онҳо ниёз надоранд ва аз Қандаҳор дур истанд. Аммо сухангӯи Ҷабҳаи Шимол Бисмиллоҳхон гуфт, нирӯҳои мухолифин дар доманаҳои шаҳри Қандаҳор вориди задухӯрдҳои шадид бо Толибон ҳастанд. Нахуствазири Амрико Дик Ченей шаби гузашта дар Вашингтон гуфт, муттаҳами рақами яки амали террористӣ Усома Бенлодин, мумкин аст дар минтақаи Тора Бора, дар шарқи Афғонистон паноҳ бурдааст.

XS
SM
MD
LG