Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Буш имкони истифодаи нирӯъ алайҳи Ироқро эълон намуд



Соҷидаи Мирзо

Бо назардошти муваффақияти Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги Афғонистон дар Вошингтон сару садоҳо дар мавриди имкони боз шудани ҷабҳаи нав дар самти Ироқ баланд мешаванд.

Бо назардошти муваффақияти Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги Афғонистон дар Вошингтон сару садоҳо дар мавриди имкони боз шудани ҷабҳаи нав дар самти Ироқ баланд мешаванд. Бо вуҷуди он ки матбуоти Иёлоти Муттаҳида зарурати таъқиби Саддом Ҳусейнро таъкид ва истифодаи силоҳи қатли омро аз ҷониби ӯ хатари воқеъи арзёбӣ мекунад, президент Буш то ҳол дар мавриди дур намудани таваҷҷӯҳ аз маъракаи Афғонистон ва ба самти дигар равона кардани он худдорӣ менамуд. Аммо ин ҳафта вазъ тағйир ёфт. Дар ҳоле, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид масълаи таҳримоти иқтисодии Ироқ, аз соли 1991-ро баррасӣ мекард, президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш имкони истифодаи нирӯъ алайҳи Ироқро эълон намуд. Президенти Амрико аз Ироқ хост то нозирони камиссиюни махсуси Созмони Милал оиди пажӯҳиши силоҳи ҳаставиро, ки соли 1980 аз кишвар хориҷ кардааст, дубора баргардонад. Дар сурати ҷавоби рад, гуфт президент, Саддом натиҷаи онро ба зуди хоҳад дид. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида бо шумули Котиби Давлатии Амрико Коллин Павл ба думболи изҳороти президент гуфтанд, ки баёнияи Буш маънои тағйири сиёсати Иёлоти Муттаҳидаро надорад. Аммо нозирон мегӯянд, дар ҳар сурат садоҳои ҷонибдорӣ аз ҷанг алайҳи Ироқ аллакай ба гӯш мерасанд. Ҷонибдорони зарба ба Ироқ далел пеш меоранд, ки Саддом барои бунёди дубораи силоҳҳои қатли ом, аз замони хуруҷи нозирон, ки барномаҳои силоҳи ҳаставӣ биложӣ ва кимиёвии Ироқро бозҷуӣ мекаранд, се сол вақт дошт. Чарз Дюлфер собиқ раиси камиссиюни махсуси Созмони Милали Муттаҳид оиди пажуҳиши силоҳ. Ҳоло коршиноси Маркази Стратегии Омӯзишҳои Байналмилалии Вошингтон мегӯяд, сарфи назар аз фаъолитяи Камиссиюни Созмони Милали Муттҳаид Ироқ ҳамчун хатари воқеъи боқӣ мондааст ва ҳанӯз ҳам тавони корҳои илмӣ дар самти бунёди силоҳ ва ё эҳёи дубораи барномаҳои харобшударо дорад. Ироқ аз силоҳи кимиёвӣ дар ҷанги алайҳи Ирон, соли 1980 ва дар мубориза бар зидди ақалиятҳои курд истифода кардааст. Ҳамчунин маълум аст, ки Бағдод аз силоҳи биктереоложӣ, амсоли Антракс ва ё сиёҳзахм бархӯрдор аст. Аз ин беморӣ дар Амрико ахиран панҷ нафар ба ҳалокат расид. Аммо Дюлфер имконоти Ироқро дар робита ба ин навъи силоҳ, ки Бағдод то ҷанги Халиҷи Форс ба истеҳсоли он наздик буд, акнун зиёд намешуморад. Ричард Зилинскас собиқ коришиноси биоложии камиссиюни махсуси Созмони Милали Муттҳаид аз ақидаи Дюлфер ҷонибдорӣ мекунад ӯ мегӯяд, Камиссиюни Созмони Милал 80 муассисаи шаҳрвандии пажуҳиши биоложиро дар Ироқ дастнохурда боқӣ гузошт. Ба гуфтаи Зилинскас ин пойгоҳҳоро ба осонӣ метавон дар соҳаи низомӣ истифода кард. Скотт Риттер Собиқ афсари истихборот ва собиқ узви камиссиюни махсуси Созмони Милали Муттаҳид мутмаъин аст, ки Камиссиюн дар фаъолияти худ муваффақ буд ва ҳоло Саддом наметавон барои касе, бо шумули мардуми Ироқ, хатар дошта бошад. Риттер рабти Саддом Ҳусейнро бо Созмони Террористии Ал Қоида ва Бин Лоден, муттаҳами ҳуҷумҳои терористӣ ба Иёлоти Муттаҳида ҷиддӣ арзёбӣ намекунад ва бастагии Саддоми дунявиро бо Бин Лоден ва Ал Қоидаи бунёдгарро воқеъи намешуморад. Ӯ афзуд, аз соли 1990 ҳадафи аслии Амрико дар самти Ироқ аз қудрат дур намудани Саддом Ҳусейн мебошад ва ба гуфтаи ӯ, агар Саддом пурра халъи силоҳ ҳам шавад Амрико муборизаро то сарнагун сохтани ӯ идома хоҳад дод. Аммо Дюлфер бо ишора ба Ийолоти Муттҳаида ва собиқ Шуравӣ алайҳи фашизми Олмон мегӯяд, Саддоми дунявӣ ва Бин Лодени бунёдгаро дар ҳоли феълӣ манфеъи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол парвози ҳавопаймоҳи Иёлоти Муттаҳида ва Британия дар фазои мамнуъи парвози Ироқ идома доранд ва рӯзи сешанбе дар ҷавоб ба оташ пойгоҳҳои дифоии Бағдодро бомбаборон намуданд. Скотт Риттер собиқ корманди итсихборот ва собиқ узви камиссиюни махсуси Созмони Милали Муттаҳад оиди пажӯҳиши силоҳи ҳаставӣ мегӯяд, ин парвозҳо тавони дифоъии Ироқро заъиф хоҳанд намуд ва сипас президент Буш, агар бихоҳад ҳуҷум ба Ироқро оғоз мекунад.

XS
SM
MD
LG