Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи дуввум дар мулоқоти байни гурӯҳҳои афғонӣ



Хиромон Бақозода

Ба назар мерасад, ҳайатҳои намояндагии байниафғонӣ дар конфронси Бонн ба тавофуқ расидаанд, ки шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ эҳтимолан давлати муваққати оянда дар ин кишварро метавонад раҳбарӣ кунад.

Ба назар мерасад, ҳайатҳои намояндагии байниафғонӣ дар конфронси Бонн ба тавофуқ расидаанд, ки шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ эҳтимолан давлати муваққати оянда дар ин кишварро метавонад раҳбарӣ кунад. Ҳамчунин конфронс ба ин нуқта бартарӣ медиҳад, то замоне, ки як давлати доимӣ бар пояи қоидаҳои васеъ дар Афғонистон ташкил нашавад, давлати муваққат ё маъмурияти муваққат метавонад фаъолият кунад. Фотима Гелонӣ, мушовири афғон гуфтааст, ҳайатҳои намояндагӣ тақрибан ба тавофуқ расидаанд, ки шоҳи собиқ Муҳаммад Зоҳиршоҳ, ки ҳоло дар муҳоҷират дар Рум зиндагӣ мекунад, муваққатан раҳбарии ин маъмурият ё давлати муваққатро бар ӯҳда гирад. Ҳумоюнҷарир, намояндаи ҳайати Қибрис, гуфт, ки ихтилофоти қавмӣ набояд ба ташкили давлати муваққат халал расонад. Дар ҳамин ҳол, раҳбари хайати намояндагии Эътилофи Шимол дар музокироти Бонн Юнус Конуни гуфтааст, ки нирӯҳои Эътилофи Шимол нисбат ба нирӯҳои посдори сулхи хориҷӣ барои амният дар Афғонистон бештар масъулият хоханд дошт. Раҳбарони се ҳайати дигар бар ин ақидаанд, ки ҳузури нирӯҳои посдори сулҳ метавонад амният дар Афғонистонро зудтар таъмин кунад. Созмони Милал ва ҳайатҳои афғонӣ дар бораи ташкили як давлате, ки иборат аз намояндагони ақвоми мухталиф бошад, изҳори ақида карданд.

XS
SM
MD
LG