Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳри Бонни Олмон музокироти ҳайатҳои байниафғонӣ барои таъини сарнавишти ояндаи Афғонистон идома дорад



Нурмуҳаммад Холзода

Ширкаткунандагони музокироти Бонн, ки сарнавишти ояндаи Афғонистон дар он таъин мешавад, дар бораи нақши ояндаи ҳукумати барканоршудаи Афғонистон, яъне Иттиҳоди Шимол, ибрози назар карданд.

Ширкаткунандагони музокироти Бонн, ки сарнавишти ояндаи Афғонистон дар он таъин мешавад, дар бораи нақши ояндаи ҳукумати барканоршудаи Афғонистон, яъне Иттиҳоди Шимол, ибрози назар карданд. Лахзар Браҳимӣ, фиристодаи вижаи Созмони Милал барои Афғонистон раҳбарони Иттиҳоди Шимолро даъват кард, ки барои ташкили давлате бар пояҳои васеъ ҳамкорӣ кунанд, на ин ки барои тасарруфи қудрат талош ба харҷ диҳанд. Юнус Қонунӣ, Раҳбари ҳайати намонядагии Эътилофи Шимол гуфт, раҳбарони Эътилоф намехоҳанд қудратро ба тасарруф дароранд, балки саъй хоҳанд кард, то як давлате ба пояи қоидаҳои васеъ бунёд шавад ва дар он намояндагони ҳамаи марудми Афғонистон шомил шаванд. Дар конфронси Бонн ҳудуди 50 намоянда ва нозирон аз кишварҳои мухталиф ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG