Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳри Қундуз зери назорати Эътилофи Шимол қарор гирифт



Саидқосими Қиёмпур

Нерӯҳои Эътилофи Шимол шаҳри Қундузро дар шимоли Афғонистон таҳти назорат гирифтанд. Мубориза барои ин шаҳр ва гуфтушунидҳо бо Толибон беш аз ду ҳафта идома дошт.

Нерӯҳои Эътилофи Шимол шаҳри Қундузро дар шимоли Афғонистон таҳти назорат гирифтанд. Мубориза барои ин шаҳр ва гуфтушунидҳо бо Толибон беш аз ду ҳафта идома дошт. Намояндагони Эътилофи Шимол иттилоъ доданд, ки муқовимати Толибон дар Қундуз шикаста шуд, ҳарчанд дар баъзе қисматҳои он задухӯрдҳо идома доранд. Ҳазорон Толибон, аз чумла, зархаридони хоричӣ силоҳ ба замин гузоштанд. Ва аммо нерӯҳои Эътилофи Шимол то ҳанӯз ба хотима гузоштан ба шӯриши асирони низомӣ дар Қалъаи ҷангии Мазори Шариф муваффақ нашудаанд. Бар асари задухӯрдҳо ҳудуди чаҳорсад тан аз шӯришгарон кушта шуда наздики 100 нафари дигар муқобилатро идома медиҳанд. Асирон анбори силоҳро ғасб намуда размандагони эътилофро аз миномётҳо тирборон мекунанд. Артиши иттиҳоди зиддитолибон сӯи онҳо аз тонкҳо оташ мекушоянд. Намояндагони вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида иқрор намуданд, ки ҳавопаймоҳои низомии Амрико Қалъаи Чангиро бомбаборон мекунанд. Ҳамзамон фармондеҳони амрикоӣ ширкати низомиёни кишварро дар амалиёти атрофи Қандаҳор тайид намуданд. Кентон Кейт - сухангӯи Эътилофи зиддитеррористӣ рӯзи душанбе ба хабарнигори мо гуфт: "Ман тайид мекунам, ки ҳудуди ҳазор тан аз сарбозони амрикоӣ дар амалиёти низомии атрофи Қандаҳор ширкат доранд. Чузъиёти бештареро дар ин бора бо сабабхои марбут ба амният гуфта наметавонам".

Дар ҳамин ҳол нерӯҳои сиёсии Афғонистон барои ширкат дар конфаронс бахшида ба ояндаи ин кишвар вориди Бонн мешаванд. Ин нишаст рӯзи сешанбе ифтитоҳ ёфта интизор меравад, ки дар он лоиҳаи Созмони Милал оиди таъсиси ҳукумати давраи гузариш баррасӣ мегардад. Вазири умури хоричаи Эътилофи Шимол доктор Абдулло рӯзи душанбе иброз дошт, ҷонибдорони раисчумҳур Бурҳониддини Раббонӣ омодаанд якҷоя бо дигар нерӯҳои сиёсӣ ба ҳукумати ҷадид ворид шаванд.

XS
SM
MD
LG