Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи зиддитеррористӣ дар Афғонистон ва пуштибонии Тоҷикистон аз он даричаи имконоти густариши иқтисодро барои кишвар боз мекунад



Соҷидаи Мирзо

Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд бар пояи арзёбии вазъи иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, дар пасманзари амалиёти зидди террористӣ дар Афғонистон ва ташаннуҷ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон бояд барои ҳифзи созиши сулҳ ва эътидоли макроиқтисодӣ сайъ намояд.

Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд бар пояи арзёбии вазъи иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, дар пасманзари амалиёти зидди террористӣ дар Афғонистон ва ташаннуҷ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон бояд барои ҳифзи созиши сулҳ ва эътидоли макроиқтисодӣ сайъ намояд. Маъракаи зиддитеррористӣ дар Афғонистон ва пуштибонии Тоҷикистон аз он даричаи имконоти густариши иқтисодро барои кишвар боз мекунад. Аммо истифода аз ин имкнот ба ҳунар ва тавоноии мақомоти Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки дар қадами аввал бояд сарфи маблағҳои хориҷиро бе назорат нагузоранд, бахши иҷитмоиро нирӯманд кунанд ва аз гирифтани қарзҳои калонҳаҷм худдорӣ намоянд. Бонки Бозсохт ва Рушд дар заминаи ташаннуҷи авзо дар минтақа ва идомаи маъракаи зиддитеррористӣ дар Афғонистон мегӯяд, ташаннуҷи феълӣ метавонад мавқеи молии ҳукуматро бештар зери фишор гузорад, аммо ҳамчунин метавонад кӯмакҳои иловагии ҷомеъаи байналмилалиро ба Тоҷикистон ворид созад. Гузориши Бонки Аврпуоии Бозсохт ва Рушд дар мавриди вазъи иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвари Оиёи Марказӣ мақоми нозирро дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба даст овард, аммо раванди ислоҳотии иқтисодӣ дар он ҳанӯз нотамом аст ва то қабули кишвар ба Созмони Тиҷорат роҳи дарозеро мебояд тай кард. Пешравӣ дар ин масъала ба думболи коҳиши молиёт аз фурӯши пахта ва арзиз барои солҳои 2002-2003 -ум ва мутобиқати қонунҳо, сохтани конунҳо ба талаби Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат муаяссар гардид. Бо вуҷуди шароити мусоид барои тиҷорати хориҷӣ, тиҷорати дохили кишвар, бинобар зербинои фарсудаи интиқоли мавод, дахолати мақомоти маҳаллӣ, ба вежа дар масъалаи гирифтани иҷозатнома маҳдуд мебошад. Инфлятсия ва ё таварруми пули миллӣ, дар нимаи аввали соли 2000-ум бинобар баста шудани марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон ва дар ин замина боло рафтани нархи сӯзишворӣ назаррас гардид. Моҳи октябри соли 2000ум ҳукумати Тоҷикистон пули миллии худро бо номи "Сомонӣ" ҷорӣ кард, ки арзиши он дар оғоз рӯ ба коҳиш буд, аммо дар нимаи аввали соли 2001ум ба эътидол омад. Тақвияти сиёсати пулӣ, таҳти назари Бунёди Байналмилаии Асъор ба Тоҷикистон имкон дод, ки даромади ғайри холиси миллиро дар нимаи аввали соли 2001ум то 10 дар сад афзоиш диҳад. Соли 2000-ум Бунёди Байналмилаии Асъор барои татбиқи барномаи коҳиши фақр дар Тоҷикистон ду транши 8 миллион доларӣ тахсис дод, ки бахши аввали он худи ҳамон сол дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифт. Аммо моҳи августи соли 2001-ум бинобар таваққуф дар ислоҳоти сохтории Тоҷикистон ББА инитиқоли тарнши дувуми қарзро мавқуф гузошт. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд мавқеъи молии Тоҷикистонро ҳамчунон ноустувор арзёбӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки ними даромади ҳукумат асосан ба пардохти қарзҳо сарф мешавад. Бо нигаронӣ аз ин вазъ ҳукумати Тоҷикистон бо қарздиҳандаи асосии худ Русия музокирот оғоз кард. Аммо то моҳи августи соли 2001-ум дар ин самт натиҷаи мусбат ба даст наомад. Аз сӯи дигар иқдомоти ҳукумати ҷиҳати таҳкими мавқеъи молӣ идома доранд. Тибқи қонуни молиёт идораҳои молӣ дар маъмурияти ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Аммо бинобар набуди чаҳорчӯби миёнамӯҳлати харҷҳо, сиёсати молӣ таъсисбахш нест. Бо вуҷуди камбудиҳо дар сиёсати молӣ Бонки Аврпуоии Бозсохт ва Рушд мегӯяд, ки дар масъалаи хусусигардонии моликияти давлатӣ ва ё приватизатсия, Тоҷикистон мувафақияти чашмгир дорад. Дар тӯли соли 2000-ум 646 муассисаи давлатӣ, аз ҷумла 568 корхонаи хурд ва 87 корхонаи миёна ва бузург ҳаҷм ба маблағи 11 миллону 600 ҳазор доллар фурӯхта шуд, ки барои Тоҷикистон нишондиҳандаи баландатрин буд ва 1,4 дар сади даромади ғайрихолиси миллиро фаро гирифт. Гузориши Бонки Бозсохт ва Рушди Аврупо меафзояд, соли 2000-ум ҳукумати кишвар бо ташкили ауксионҳо 22 корхонаи коркарди пахтаро асосан ба сармоягузорони дохилӣ фурӯхт. Хусусигардонии корхонаҳои хурд асосан ба поён расидааст ва ҳукумат акнун ба фурӯши корхонаҳои калон таваҷҷӯҳ дорад. То моҳи августи соли 2001-ум аз 955 муассисаи мавриди фурӯш 349 корхонаи миёна ва бузургҳаҷм харидорӣ шуданд. Бо вуҷуди ин пешравӣ, мувафақияти хусусигардонӣ бар асари набуди бунёдҳои сармоягузорӣ, бо шумули сармоягузорони хориҷӣ таъсирбахш ба назар намерасад. Сармяогузорон ба иллатҳои амниятӣ ба Тоҷикистон шитоб надоранд, аз ин рӯ муассисаҳои бузурге ҳамчун Корхонаи Арзизи Тоҷик ва ширкати Барқи Тоҷик ҳамчунон моли давлат боқӣ мондаанд. Бахши дигари иқтисодиёти Тоҷикистон, ки мебоист дар навбати аввал аз назорати ҳукумат хориҷ мешуд, ислоҳоти замин буд. Ин раванд соли 2000-ум асосан бо кӯшиши ҳукуматҳои маҳаллӣ коҳиш ёфт, ки намехостанд колхозу совхозҳои давлатиро аз даст диҳанд. Тибқи машварати Хазинаи Байналмилаии Асъор мебоист то охири соли 2000-ум 30 хоҷагии давлатӣ ва коллективӣ ба хоҷагиҳои хусусии деҳқонӣ табдил меёфтанд. Аммо ин барнома чандон мувафақ набуд. Ҳукумат акнун ваъда додааст, ки бар пояи қарзи Бонки Ҷаҳонӣ ба 40 хоҷагӣ то моҳи майи соли 2002-ум сертификати замин медиҳад ва ба гуфтаи Бонки Бозсохт ва Рушди Аврупо дар ин самт мувафақ низ мебошад. Аз сӯи дигар хоҷагиҳои хусусии деҳқонӣ, ки то ҳол вуҷуд доранд, ба мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили дахолати ҳукумат ба умури онҳо, сохтори фарсудаи обёрӣ ва адами дастрасӣ ба сарчашмаҳои молӣ гирифторанд.

XS
SM
MD
LG