Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ имкон доранд даричаи имконоти рушди иқтисодиро ба рӯи сармояи хориҷӣ боз кунанд



Холидаи Қодир

Рӯйдодҳои ахири Афғонистон тамоми минтақаро, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмиллалӣ қарор дод. Албатта, ин ҳолат дуру дароз идома нахоҳад дошт.

Рӯйдодҳои ахири Афғонистон тамоми минтақаро, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмиллалӣ қарор дод. Албатта, ин ҳолат дуру дароз идома нахоҳад дошт. Пас, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чӣ бояд кунанд, ки аз ин имкони ба вуҷудомада барои рушди иқтисоди худ истифода баранд? Вилям Батер, иқтсисоддони баландмақоми Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд мегӯяд, агар ин ҷумҳуриҳо аз таваҷҷӯҳи афзоянда ба минтақа фоида бурданӣ бошанд, пас, бояд аввал раванди ислоҳоти иқтисодиро ба роҳ монданд. Барои нишон додани аҳамияти ислоҳти иқтсиодӣ, ҳафтаи гузашта, президенти Банки Аврупои Бозсохт ва РУшд, Жан Лемир бо ҳайати мутахассисони банк ба Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон сафар карда буд. Ин ҳайат ба мақомоти марбутаи ҳар як ҷумҳурӣ шарҳ медод, ки онҳо бо пеш бурдани иқтисоди бозор метавонанд, таваҷҷӯҳи сармоягузориҳои хориҷиро ҷалб кунанд. Ба назари Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ин қадами муҳим ба сӯи рушди умумии иқтсиод мебошад. Ҳайати банки номбурда натиҷагириҳои худро аз сафари Осиёи Марказӣ дар як гузориши муфассал ҷой додааст. Вилем Батер мегӯяд, ки тибқи ин гузориш банк стратегияи нави худро дар мавриди кӯмаку раҳнаомӣ ба Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ мекунад: Мо барномаи нави фаъолиятҳоро дар Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ мекунем. Мо ҳоло дар банк ин масъаларо баҳс мекунем. Мо интизор дорем, ки ин барнома вокуниши банкро ба осебпазирии бештари вазъи Осиёи Марказӣ нишон медиҳад.

Дар 10 соли гузашта Банки Аврупои Бозсохт ва Рушд ба барномаҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ тақрибан 1 миллиарду 300 милллион доллар сармоягузорӣ кард. 200 миллион доллари он, танҳо дар тӯли як соли гузашта тасвиб гардида буд. Батер мегӯяд, ки банк имсол маблағи бештарро барои Осиёи Марказӣ тахсис хоҳад дод: Мо умедворем, ки танҳо дар тӯли имсол ба Осиёи Марказӣ ба маблағи 300 миллионро, баробар ба 264 миллион доллар сармоягузорӣ намоем. Агар имкон шавад, бештар аз ин медиҳем. Мо бештар пул дода метавонем. Мушкили мо адами маблағ не, балки набудани барномаҳои боиктифо аст. Барои аз байн бурдани ин монеъа ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти бештари мо, ин ҷумҳуриҳо бояд ислоҳоти сохториро ба роҳ монанд. Ҳафтаи гузашта Жан Лемир бо Узбакитсон қарордодеро имзо кард, ки тибқи он барои беҳбуди шабакаи роҳи оҳан ва сохтори гармидиҳии ин ҷумҳурӣбанк 100 миллион доллар қарз медиҳад. Вале Вилем Батер дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сиёсати пулии узбакистон, ки нархи арзи хориҷиро дар ҷумҳурӣ назорат мекунад, садди роҳи ҳамкориҳои банк бо Тошканд мешавад. Батер афзуд, то замоне, ки Узбакистон сохтори табодули арзи хориҷиро ислоҳ намекуанд, ин ҷумҳфурӣ ҳеҷ гоҳ афзоиши сармоягузории мустақими хориҷиро нахоҳад дид: Барои пешрафти ояндаи ин кишвар сахт вобастаи сармоягузориоҳи мустаиқими хориҷӣ аст. Вале то замоне, ки низоми табодули пули хориҷӣ ислоҳ нашавад, сармоягузории мустақим ба ин ҷо сурат нахоҳад гирифт.

Батер пешрафти шабаки роҳҳои оҳан ва бахши энержии Узбакистонро ситоиш кард. Вале ӯ афзуд, ки ба сурати умум, раванди ислҳотти иқтисодӣ дар Узбакистон маъюскунанда аст. Вилем Батер, иқтисоддони баландмақоми Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд мегӯяд, тиҷаорти умумӣ адр сар то сари Осиёи Марказӣ заиф аст. Ба гуфтаи ӯ набудани ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳо, муносибати қариб душманонаи оҳно ба ҳамдигар ва маҳдудиятҳои беандоза дар транзити ашё, садди роҳи рушди тиҷорат дар ин минтақа гардидааст. Ваелба назари Вилем Батер, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бояд ба ҳар сурат, барои рушди тиҷорати минтақавӣ кӯшиш кунанд, зеро ин ба манфитаи ҳамаи онҳост: Агар ин ҷумҳуриҳо ба ҳамдигар муносибати озодона дошта бошанд, тамоми минтақа аз ин манфиат мебинад. Бе он, бе дастрасии озод ва бидуни маҳдудият ба бозороҳи Ҷомеаи Муштаракулманфоеъ ва хориҷ аз он, ояндаи Тоҷикистону Қирғизистон тира хоҳад буд. Зимни сӯҳбат дар бораи вазъи умуми иқтисоду тиҷорат дар Осиёи Марказӣ Вилем Батер мегӯяд, ки дар ин минтақа танҳо ислоҳоти иқтисодии Туркманистон рӯ ба ақибравӣ дорад. Банки Аврупои Бозсохт ва Рушд барномаҳои кӯмакро ба бахши умумии Туркманистон қатъ кард, зеро аз бемайлии ҳукумати ин ҷумҳурӣ ба иқтисоди бозор ташвиш дорад.

XS
SM
MD
LG