Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар паи фурӯрезии режими Толибон муассисаҳои башарии СММ шабакаи интиқолу тақсими ёриҳоро дар Афғонистон барқарор менамоянд



Хоҷа Мирзода

Баъди ҳамлаҳои террористии 11-сентябр ва оғози амалиёти ҷавобии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон татбиқи аксари барномаҳои башарии муассисаҳои байналмилалӣ дар ин кишвар мутаваққиф гардида, кормандони хориҷӣ қаламрави Афғонистонро тарк карданд.

Баъди ҳамлаҳои террористии 11-сентябр ва оғози амалиёти ҷавобии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон татбиқи аксари барномаҳои башарии муассисаҳои байналмилалӣ дар ин кишвар мутаваққиф гардида, кормандони хориҷӣ қаламрави Афғонистонро тарк карданд. Охири ҳафтаи гузашта Чулҳо Ҳюн сухангӯи Муассисаи Кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Исломобод гуфт, ки дар бахши калони Афғонистон шабакаи кӯмакҳои башарии СММ эҳё шуд ва Юнисеф кӯшиш дорад, ки бо коршарикони қадимӣ ва нав иҷрои барномаҳои интиқоли ёриҳо ба занони ҳомила ва кӯдакдорро барқарор намояд. Чулҳо Ҳюн гуфт, ки Юнисеф гузоришҳо оиди бозгашти занон ба кор ва духтарон ба таҳсилро бо кафкӯбӣ пешвоз мегирад: " Юнисеф гузоришҳои аз Ҳирот расидаро хуш пазироӣ мекунад. Дар он ҷо мансабдорони маҳаллӣ мегӯянд, ки мактабҳои расмӣ барои духтарон аз нав боз мешаванд. Бунёди Кӯдакони СММ ҷонибдори бозгашти ҳамаи кӯдакон, ҳам духтарон ва ҳам писарони Афғонистон ба мактабҳо мебошад. Юнисеф дар кадом ҷое, ки тавонад эҳёи ин ҳаққ ва баргашти ҳаёт ба фазои муътадили оиларо ташвиқ хоҳад кард." Юсуф Ҳасан сухангӯи идораи Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон дар шаҳри Исломободи Покистон низ иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳрҳои калидии Афғонистон фаъолияти шӯъбаҳои ин муассиса барқарор шуд ва баъзе занони маҳаллии ходими Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон пас аз таваққуфи панҷ сола ба кор баргаштанд. Дар замони ҳукмронии Толибон занон аз ҳаққи кор маҳрум буданд. Ба гуфти Юсуф Ҳасан Комиссариати СММ дар умури паноҳадагон яке аз барномаҳои калонтарини худро маҳз дар Афғонистон татбиқ мекунад. То оғози амалиёти зиддитеррористии Эътилофи Байналмилалӣ дар Афғонистон тахминан як миллиону сад ҳазор нафар дар дохили ин кишвар бе ҷо шуда буданд. Шаш миллион сокини дигари Афғонистон дар хонаҳои худ бошанд ҳам ба кумакҳои фаврии башарӣ эҳтиёҷ доштанд. Бо васфи чунин ҳоли ташвишовар ходимони муассисаҳои башарии СММ умедворанд, ки миқдори зарурии ёриҳои башардӯстона ва озуқа мардуми ниёзманд расонида мешавад. Мудири Барномаи Озуқаи СММ хонум Катарина Бертинӣ дар шаҳри Лондон гуфт, ки муассисаи зери раҳбарии ӯ 52 ҳазор тоннаи метрии озуқа, яъне ниёзмандиҳои шаш миллион шахси мӯҳтоҷи Афғонистонро саривақт таъмин хоҳад кард. Кормандони СММ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки агар то боридани барф ва баста шудани роҳҳо кӯмакҳо то манотиқи марказии Афғонистон аз ҷумла минтақаи Ҳазораҷот ва водии Панҷшер интиқол наёбанд, тахминан 700 ҳазор сокини ин манотиқ бо гурӯснагӣ мувоҷеҳ мешаванд. Ҳамзамон Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки то хатми зимистони имсола бозгашти паноҳадагони афғонро, ки дар Эрону Покистон истиқомат доранд, пуштибонӣ нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG