Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯшишҳои дипломатӣ барои таъсиси ҳукумати ояндаи Афғонистон идома доранд



Соҷидаи Мирзо ва Масрури Назрӣ

Дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон даргириҳои бузург дар Афғонистон мушоҳида нашуданд. Аммо шаби гузашта ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида пойгоҳои лидерони Толибон, шаҳри Қандаҳорро бомбаборон карданд.

Дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон даргириҳои бузург дар Афғонистон мушоҳида нашуданд. Аммо шаби гузашта ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида пойгоҳои лидерони Толибон, шаҳри Қандаҳорро бомбаборон карданд. Хабаргузории исломии Афғонистон аз ҳалокати 11 шаҳрванди мулкӣ, тахриби бинои вазорати хориҷӣ ва масҷид хабар дод. Манобеъи мустақил ин иттилоъро тасдиқ накарданд. Дар ҳамин ҳол Ҳомид Карзай сарвари қабилаи паштун имрӯз гузоришҳоро оиди даргирӣ дар Қандаҳор такзиб кард ва гуфт, ки Толибон ҳанӯз дар қудрат боқӣ мондаанд. Сарварони қабилаҳои пуштун дар Покистон изҳор доштанд, ки барои кӯшиши таслими ихтиёрии Толибон ҳайъатеро ба Қандаҳор интиқол медиҳанд. Ҳукумати Покистон аз дирӯз нирӯҳои иловагиро барои таҳкими марз бо Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз убуру мурури Толибон ва ҷонибдорони онҳо сафарбар кардааст. Дар қисмати шимоли Афғонистон, минтақаи Қундуз аз ду то се ҳазор ҷангии Толибон дар иҳотаи нирӯҳои Иттиҳоди оппозитсиюн қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, ки бахши бузурги онҳоро зархаридони содиқ ба Бин Лоден ташкил медиҳад. Наздик ба 100 низомии Британия дар пойгоҳи Багром, наздикии Кобул мустақар шуданд. Кӯшишҳои дипломатӣ барои таъсиси ҳукумати ояндаи Афғонистон идома доранд. Иттиҳоди Шимол, ки охири ҳафтаи гузашта Кобулро тасарруф намуд, ҳамаи ҷиноҳҳои афғонро барои гуфтугӯ ба пойтахт даъват кард. Аммо сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид Фред Екҳард гуфт, онҳо барои музокирот минтақаи бетарафро пайдо хоҳанд кард. Ӯ аз Аврупо, Ховари Миёна ва Халиҷи Форс ҳамчун манотиқи эҳтимолӣ барои чунин нишаст ном бурд. Дар ҳамин ҳол фиристодаи Иёлоти Муттаҳида Ҷеймс Роббинс дирӯз дар Покитстон аз лидерони Паштун даъват намуд, ки барои ташкили ҳукумати эътилофӣ бо ҷиноҳҳои тоҷик, узбак ва ҳазора ҳамроҳ шаванд. Интизор меравад, ки имрӯз намояндаи Созмони Милали Муттҳаид дар умури Афғонистон Френсиск Вендрел бо мақсади музокирот бо Эътилофи Шимол ва фаъол намудани дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул вориди пойтахт шавад. Британия, Франсия Канада, Урдун, Туркия ва Индонезия барои кӯмак дар ҳифзи амният, дар ҷараёни созиши сиёсӣ, нирӯи худро пешниҳод кардаанд.

XS
SM
MD
LG