Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Путин ба Вошингтон: Оё чӣ созишҳои мушаххасеро аз ин сафар метавон интизор шуд?



Соҷидаи Мирзо

Сафари таърихии президенти Русия Владимир Путин, ки дар баробари гуфтугӯи ҷиддӣ бо Ҷорҷ Буш меҳмондориеро дар Тексас низ ба думбол дорад, гардиши куллиеро дар равобити ду кишвари ҳарифи давраи Ҷанги сард ба миён хоҳад овард.

Сафари таърихии президенти Русия Владимир Путин, ки дар баробари гуфтугӯи ҷиддӣ бо Ҷорҷ Буш меҳмондориеро дар Тексас низ ба думбол дорад, гардиши куллиеро дар равобити ду кишвари ҳарифи давраи Ҷанги сард ба миён хоҳад овард. Намояндаи маъмурияти президент Буш гуфт, гумон аст, ки нишасти ду раиси ҷумҳур созиши мушаххасеро дар мавриди барномаи дифоъи мушакии Иёлоти Муттаҳида ва ё коҳиши силоҳҳои ҳаставӣ ба бор биёрад. Аммо баъзе коршиносон ба ин нишаст назари мусбат доранд ва имкони созишҳои ҷиддиро соқит намекунанд. Кондолиза Райс мушовири амниятии президент Буш ҳафтаи гузашта гуфт, ки баъди ҳуҷумҳои 11 сентябр ду кишвар равобити тозаеро дар якчанд соҳа, бо шумули тиҷорат, низомӣ ва сиёсӣ ба роҳ монанданд. Маскав аз амалиёти ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон пуштибонии қавӣ мекунад. Райз гуфт, чунин эҳтимол вуҷуд надорад, ки нишасти раисони ҷумҳури Русия ва Амрико созиши рӯшанеро дасрас кунад, чунон ки дар мулоқотҳои қаблӣ дида мешуд. Аммо Леон Арон таҳлилгари институти масъалаҳои тиҷоратии Амрико аз ин саммит натиҷаи назаррасро интизор дорад. Ӯ мегӯяд: "Ба назари ман албатта дар масоили техникӣ, амсоли созишномаи АВМ, амсоли муҳимоти ҳаставӣ созиш имкон дорад. Вагарна Буш Путинро амалан ба хонаи худ даъват намекард." Ба сурати умум созишномаи эҳтимолӣ барои пайгирии барномаи системаи дифоъи мушакии Иёлоти Муттаҳида кӯмак нахоҳад кард. Русия ба бунёди ин система мухолиф аст ва онро поймолшавии созишномаи АВМ- соли 1972 арзёбӣ мекунад. Аммо чанде қабл презилент Путин дар ин масъала каме нармиш нишон дод. Путин дар сӯҳбат бо тенлевизиони АВС гуфт, ки хатар барои санҷиши системаи дифоъи мушакӣ замина муҳайё кардааст. Президент Буш мегӯяд, ки баъди ҳуҷумҳои терористӣ ба Иёлоти Муттаҳида зарурати чунин система бештар эҳсос шуд. Ҳафтаи гузашта мушовири амниятии президент Буш Кондолиза Райз аз тасмими маъмуриятро барои густаришии системаи дифоъи мушакӣ гузориш дод. Райз гуфт: "Президент ба идеяи санҷиш, арзёбӣ ва билохира татбиқи ин барнома содиқ аст. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ки маъмурияти президент Буш муҳимоти ҳаставии кишварро коҳиш хоҳад дод. Дар равобити ду давлати рақиб баъди ҳодисоти 11 сентябр, вақте, ки Вошингтон аз Маскав барои ҷанг бо терроризм кӯмак хост, гардиши куллӣ ба вуқуъ пайваст. Таҳлилгарон мегӯянд, Путин аз ин лаҳзаи таърихӣ, ки бори аввал Русияро бо Ғарб наздик мекунад ба хубӣ истифода кард. Русия бо кӯмакҳои маҳдуди низомӣ аз маҳалиёти Вошингтон пуштибонӣ намуд. Аммо ба истифодаи Амрико аз қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ монеъ нагардид. Лии Фейнсейн собиқ мушовири собиқ вазири хориҷии Амрико Мадлен Олбрайт мегӯяд, равобити Русия ва Амрико самимона ба пайроҳаи нав ворид шуданд. Аммо меафзояд, танҳо ҳодисаи 11 сентябр сабаби ғайри мавқеъи Путин нест. Ӯ меафзояд: " Ба назари ман президент Путин дарк намуд, ки ояндаи иқтисодии Русия, ояндаи амниятии он дар Ғарб нуҳуфтааст. Ва муҳимоти ҳаставии Амрико, барои намуна, ё густариши НАТО барои Русия хатари воқеъи нест. Хатари воқеъи ба Русия аз самти ҷануб таҳдид мекунад" Коршиносон робитаи Русияро бо Ироқ ва Ирон дар ҳоли феълӣ аз нуқоти заъфи равобити Маскав ва Вошингтон онҳо арзёбӣ мекунанд, Амрико ин ду кишварро пуштибони терроризм меномад. Аммо ба назари коршиносон президент Буш ин монеъаҳоро бо таъкиди манофеъи ду кишвар дар эътилофи зиддитерористӣ аз байн хоҳад бурд. Коршиносон нуктаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳ ва ҳамкории Русия ва Амрикоро низ таъкид мекунанд. Русия, ки дар истихроҷи нафт баъди Арабистони Саудӣ қарор дорад, ба наздики ҷойи онро дар стратегияи энержии Иёлоти Муттаҳида танг хоҳад кард. Леон Арон таҳлилгари институти омӯзишҳои тиҷоратии Амрико мегӯяд, Буш ва Путин дар баробари чунин масоили бузург, ҷиддан масъулият эҳсос мекунанд ва нишаст собит хоҳад кард, ки мулоқоти онҳо беш аз имзои созиш дар бораи силоҳи ҳаставӣ таъсир ва аҳамият дорад. Ин оғози равобити самимӣ ва воқеъии ду кишвар аст.

XS
SM
MD
LG