Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳамияти ишғоли Мазори Шариф дар амалиёти ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон



Салими Аюбзод

Ба дасти нирӯҳои эътилофи шимол гузаштаи шаҳри муҳими Мазори Шариф аз тарафи коршиносони ҳарбӣ аввалин пирӯзии чашмгири амалиёти зидди террористӣ дар Афғонистон шумурда шуда, барои нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида имконияти истифодаи фурудгоҳи ин шаҳрро фароҳам меорад. Онҳо мегӯянд, ин пирӯзӣ ба рӯҳияи ҷангии Толибон таъсири манфӣ мегузорад.



Таҳлилгарон нақши муҳими бомбаборонҳои Иёлоти Муттаҳидаро дар шикасти муқовимати толибҳо асосӣ меноманд, аммо намяондагони эътилофи шимол бо вуҷуди эътирофи ин нақш мегӯянд, ҳамкории муанззами ҳамаи гурӯҳҳои иттиҳоди шимол дар ҷабҳаи Мазор заминаи чунин пешрафтро фароҳам овард. Фармондеҳи эътилофи шимол генерал Дӯстум мегӯяд: "Вазъият дар Мазори Шариф оддист. Ман аз дохили шаҳр сӯҳбат мекунам. Шаҳр чароғон аст. Зиндагӣ мисли ҳамеша идома дорад. Мардум хушҳолӣ дорад, зеро Толибон аз шаҳр рафтанд. Шаҳр озод аст ва мардум метавонанд осуда бошанд." Генерал Дӯстум дар бораи талафоти тарафайн сӯҳбат кард, вале аз манбаъҳои дигар ин маълумот ба тасдиқ нарасидааст. Пол Бювер, коршиноси мустақили ҳарюӣ ба Ройтерз гуфтааст, ишғоли Мазори Шариф бар иловаи аҳамияти сиёсӣ ва таблиғотӣ, аҳамияти амали ҷангӣ дорад, зеро акнун нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида метавонанд аз он ба ҳайси пойгоҳи нирӯҳои заминӣ дар оянда истифода кунад. Ва ҳавопаймову чархболҳои ҷангӣ дар фурудгоҳи Мазори Шариф ҷойгир шуда, аз ин ҷо ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом диҳанд. Вай мегӯяд, Мазори Шариф ду майдони ҳавоӣ дорад ва яке аз онҳо агар дар ҳолати муносиби фаннӣ қарор дошта бошад, метавонад ҳавопаймоҳои вазнини Ҳеркулесро ҳам қабул намояд. Таҳлилгари дигар Аҳмад Рашид мегӯяд, на танҳо Иёлоти Муттаҳида, балки Созмони Милал ин имкониятро акнун хоҳанд дошт, ки ба воситаи Мазори Шариф кӯмакҳои башариро ба аҳолии Афғонистон афзоиш диҳанд. Набераи подшоҳи собиқи Афғонистон Зоҳиршоҳ аз ишғоли Мазори Шариф ва эҳтимоли боз шудани хатти нави мадад ба мардуми Афғонистон истиқбол намуд. Мустафо Зоҳир гуфт, гузаргоҳи нав метавонад кӯмакҳои башариро ба шимол ва маркази Афғонистон осон гардонад, зеро роҳҳо аз шарқ ва ҷануб ҳоло зери барф мемонанд. Аммо, менависад, Ройтерз, ишғоли Мазори Шариф танҳо қадами аввал аст. Акнун, мегӯяд Аҳмад Рашид, эътилофи шимол кӯшиш хоҳад кард, ки Қундузро таҳти назорат дарорад, зеро ин роҳи дигари икмолотист, ки Афғонистонро бо Тоҷикистон пайваст мекунад ва ин роҳест, ки мустақим ба Кобул мебарад. Рашид мегӯяд, толибон ҳоло маҷбур мешаванд, барои ҳифзи нирӯҳои худ ақибнишинӣ кунанд ва ба манотиқе баргарданд, ки метавонанд дар он ҷо худро амн ҳис кунанд. Чунин барнома метавонад ба зудӣ шикасти онҳоро дар Ҳирот низ амалӣ созад. Ба назари Аҳмад Рашид тактикаи аслии эътилофи шимол дар ин ҳамлаҳо ба пора-пора кардани манотиқи таҳти назорати толибҳо нигаронида шудааст. Аммо тактикаи толибҳо метавонад аз таҳкими хатҳои дифоъи атрофи Кобул иборат бошад. Дар ҳамин ҳол мақомоти Иёлоти Муттаҳида ҳарчанд аз дастоварди Эътилофи шимол изҳори қаноатмандӣ карданд, гуфтанд, аз эҳтимол дур нест, ки толибҳо ба ҳамлаи ҷавобӣ омодагӣ бинанд, аммо эътилофи шимол мегӯяд, дар ҳоле ки бисёр фармондеҳони толибон акнун ба сафи ин иттиҳод мепайванданд, гумон аст, толибҳо нирӯи кофӣ барои ҳуҷуми ҷавобӣ ҷамъ оварда тавонанд. Ва Кобул ҳамчун ҳадафи асосии эътилофи шимол боқӣ мемонад. Хабаргузориҳо мегӯянд, эътилофи шимол нирӯҳои нави зарбатии худро ба ҷабҳаи Кобул интиқол медиҳад. Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида ишғоли Кобулро пеш аз вақт мешуморад, дар айни замон эътироф мекунад, ки фурӯпошии ҳокимияти толибҳо дар Кобул метавонад, дар ин ҷо ҳарҷу марҷ ва бесомониро ба амал орад. Колин Пауэлл, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида гуфт, эътилофи шимол бо назардошти хотираҳои бади гузашта гумон аст дар Кобул пуштибонии васеъ дошта бошад. Аммо доктор Абдуллоҳ, вазири умури берунаи ҳукумати мухолиф ба толибон мегӯяд, мардуми Кобул аз Эътилофи шимол пуштибонӣ хоҳанд кард, зеро дар ҳама ҳолат ин эътилоф барои озодии марудми Афғонистон мубориза кардааст. Бо вуҷуди ин доктор Абдуллоҳ эътироф кард, ки ҳамла ба Кобул бояд дар ҳамоҳангӣ бо Иёлоти Муттаҳида ва эътилофи ҷаҳонии зидди террор сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG