Пайвандҳои дастрасӣ

Эътилофи Шимол мегӯяд, Мазори Шариф, Самангон, Сарипул ва Балхро ба зери назорати худ даровард



Салими Аюбзод

Фармондеҳони Эътилофи Шимол баъди ишғоли Мазори Шариф аз пешрафтҳо дар чандин вилояти шимол ва ғарби Афғонистон хабар медиҳанд.



Вазири корҳои хориҷии ҳукумати барканоршудаи президент Раббонӣ доктор Абдуллоҳ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, нирӯҳои Давлати исломии Афғонистон ва эътилофи шимол шаҳри стратегии Мазори Шарифро ба тасарруфи худ дароварданд. Доктор Абдуллоҳ афзуд, чунин пешрафт бо кӯмаки зарбаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида имконпазир гардид. Дар ҳамин ҳол генерал Дӯстум ба хабаргузориҳо иттилоъ дод, ки нирӯҳояш Самангон ва Балхро ишғол намуда, дар самти Бодғис пешрафт доранд. Пирӯзиҳои Ҷабҳаи муттаҳида ақидаеро ба миён овардааст, ки ба зудӣ ҳамлаи эътилофи шимол ба Кобул, пойтахти Афғонистон оғоз хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG