Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикшавии Русия ва Иёлоти Муттаҳида кишварҳои шӯравии собиқро дар вазъияти нав қарор хоҳад дод



Салими Аюбзод

Ҷорҷ Буш, президенти Иёлоти Муттаҳида борҳост мегӯяд, дунё баъди ёздаҳуми сентябр дигар шуд, тағйир ёфт. Оё Осиёи Марказӣ тағйир меёбад, ҳанӯз маълум нест ва маълум нест, ки оё ин тағйир мусбат мешавад ва ё на.



Дар рӯзҳое ки то баргузории мулоқоти навбатии президентҳо Буш ва Путин камтар аз як ҳафта вақт мондааст, таҳлилгарон мегӯянд, Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар остонаи беҳбуди ҷиддии равобити байниҳамӣ қарор доранд ва ин наздикии нав ба ҳамаи самтҳои ҳаёти байнулмилал ва ва тақрибан ба аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ таъсир хоҳад гузошт. Дар айни ҳол ҳама гуна пешбиниҳоро, коршиносон бо чанд омил шартбандӣ мекунанд, ки ҳанӯз рӯшан нашудаанд. Чунончӣ, оё ҳамкории стратегии Америкаву Русия барои чанд муддат идома хоҳад ёфт. Оё он бо аввалин бархӯрди манфиатҳои миллӣ азҳам хоҳад рехт ва ё тарафҳо ба ҳам гузашт хоҳанд кард, то умри ин дӯстии навро дароз кунанд. Ва умуман оё дар ин муносибатҳои нав ҳарду тараф баробар хоҳанд буд ва ё яке пеш ва дигаре аз думбол? Омили дигарро, таҳлилгарон дар он мебинанд, ки оё тарафҳо мавқеъи худро дар мавриди дифоъи зидди мушак то куҷо тағйир хоҳанд дод. Амрико мехоҳад барои бунёди дифоъи зидди мушак аз созишномаи ЭйБиЭм ва ё ПРО хориҷ шавад, зеро онро моли гузашта меномад. Русия ба ин мухолиф аст ва санади мазкурро пояи низоми амниятии дунё мешуморад. Хуб, ба шакле ба тарзе ба роҳе мумкин аст, ки мушкилҳои миёни ду кишвар ҳалли худро пайдо кунанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ ва ҳатто Чин усулан ба ҳалли мушкили миёни Русия ва Амрико мухолиф нестанд, аммо ба он мухолифанд, ки қимати ин наздикию дӯстиҳои ду рақиби дерина аз ҳисоби онҳо пардохта шавад. Ва ҳар кишвар барои чунин эҳсоси таҳдид сабаби худро дорад. Давлатҳои Соҳили Балтик мехоҳанд ҳарчӣ зудтар вориди НАТО шаванд ва кафолати амнияти худро дарёбанд. Амрико ин кӯшиши онҳоро пуштибонӣ мекард. Аммо Русия ба ин муқобил аст. Ҳоло чӣ хоҳад шуд? Давлатҳои Қафқоз гирифтори ҷангҳои худ сулҳи байниҳамӣ ва ҳалли мушкили ҷудоихоҳони хешро дар Ғарб ҷустуҷӯ мекунанд. Президентҳои Арманистону Озарбойҷон масъалаи Қаробоғро дар Майами баррасӣ намуданд, ба умеди ин ки таъсири манфии Маскав онҳоро халалдор накунад. Давлатҳои Қафқоз аз онки Иёлоти Муттаҳида мехост хатти интиқоли нафту гази Хазарро аз зери назорати Маскав барорад, чашмдори даромадҳои калони молӣ ва таҳкими истиқлолият буданд. Ҳоло чӣ хоҳад шуд? Осиёи Марказӣ худ як манбаъи мушкилоти зиёдест, ки таъсири ҳаракатҳои геополитикии Русия вазни онҳоро ба маротиб сангин мегардонад. Ва кӯшишҳо ба ин буд, ки мушкилоти мазкур бо кӯмаки Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида ҳал шаванд. Ҳатто дар дойираи қудрат ва саҳнаи сиёсии ин кишварҳо бар асари наздикии Русия ва Иёлоти муттаҳида метавонад, пайванду рақобатҳои нав зуҳур кунанд, чӣ монад ба муносибатҳои байнидавлатӣ. Ақидаи куллӣ ин аст, ки дар натиҷаи наздикии Маскаву Вашингтон, ки дар Осиёи Марказӣ Маскавро мушовир ва ё дастикам миёнарави Вашингтон хоҳад кард, қудрати шахсии хону амирони навбаромади Осиёи Марказӣ ба мӯҷиби баланд рафтани нархи шахсии онҳо таҳкими бештар хоҳад ёфт. Ислоҳоти демократӣ, рушди озодиҳои сиёсӣ ва хусусӣ, интихоботҳои одилона, тағйири ҳукуматҳо бо роҳи осоишта муваққатан, то поёни муборизаи зидди террорисм, ба таъхир гузошта хоҳанд шуд ва аз як сӯ вокунишҳои зӯроваронаи ҷавобӣ ба бор оварда, аз сӯи дигар ҳукуматдоронро ба ҳифз ва тамдиди ҳолати ҷангию истисноии минтақа водор хоҳад намуд. Вале бисёр чизҳо ба он бастагӣ хоҳанд дошт, ки оё Иёлоти муттаҳида дар ҳамкориҳои бо давлатҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна амал хоҳад кард. Аз зовияи Русия бо аҳдофи кӯтоҳмуддат ва ё аз дидгоҳи худ бо ҳадафҳои дарозмуддат. Ва аз сӯи дигар оё худи ин давлатҳо аз ҳамкорӣ бо Вашингтон чӣ баҳра хоҳанд бурд. Манзур на даҳҳо миллион кӯмак дар ивази истифодаи фурудгоҳҳо, балки ҷустуҷӯи истиқлолияти бештар аз зери қаноти Русия, муносибатҳои мустақим бо Иёлоти муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва беҳбуди равобити байниҳамӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷалби фанновариҳои пешрафта, истифодаи таюрибаҳои демократии Амрико, хуллас ҳама чизе барои сохтмони давлатдории миллӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ. Ҷорҷ Буш, президенти Иёлоти Муттаҳида борҳост мегӯяд, дунё баъди ёздаҳуми сентябр дигар шуд, тағйир ёфт. Оё Осиёи Марказӣ тағйир меёбад, ҳанӯз маълум нест ва маълум нест, ки оё ин тағйир мусбат мешавад ва ё на.

XS
SM
MD
LG