Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвари Туркия дар Душанбе гуфт, дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ба Толибон ҷой нест



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Ояндаи Афғонистон кори дасти худи афғонҳост ва набояд аз берун ба ин раванд таъсир расад.

Ояндаи Афғонистон кори дасти худи афғонҳост ва набояд аз берун ба ин раванд таъсир расад. Дар ин бора президенти Туркия Аҳмад Недҷет Сезер дар конфаронси матбуотие, ки баъд аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов доир кард, эълом дошт. Дар бораи ҳукумати ояндаи Афғонистон ӯ гуфт: "Толибон миллат нестанд, балки гурӯҳеянд, ки барои онҳо дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷой нест" Дар ҳамин маврид президенти Туркия таъкид кард, ки "пуштунҳо чун миллат дар ҳукумати нав бояд ҷои сазовор дошта бошанд". Аҳмад Недҷет Сезер ба вазъи башарии Афғонистон диққати махсус дод. Ӯ гуфт, ҷамоъаи башарӣ бояд то шурӯъи зимистон ба аҳолии ин кишвар кӯмакҳои оҷил расонад.

XS
SM
MD
LG