Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши таърихии Туркия дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ



Салими Аюбзод

Туркия дар ҳоли ҳозир ягона давлати мусулмон аст, ки сарбозони худро ба иштирок дар амалиёти ҳарбии эътилофи зидди террорисм ба Афғонистон мефиристад. Анкара бо ин тасмим паём медиҳад, ки ҷанг дар Афғонистон на зидди ислому мусулмонон, балки зидди гурӯҳҳои даҳшатафкан ва идеологияи тундгароист. Таҳлилгарон мегӯянд, Туркия эҳтимолан ҷӯёи нақши бузургтар аст...



Тасмими Туркия дар фиристодани нирӯ ба Афғонистон эътибори онро дар Созмони Атлантики Шимолӣ -- НАТО ва куллан эътилофи ҷаҳонии зидди террорисм афзоиш дод. Ин дар ҳоли ҳозир ягона давлати мусулмон аст, ки чунин тасмимро гирифтааст ва паём медиҳад, ки ҷанг дар Афғонистон на зидди ислому мусулмонон, балки зидди гурӯҳҳои даҳшатафкан ва идеологияи тундгароист. Дар ин робита таҳлилгарони ғарбӣ аз нақши таърихии Туркия дар минтақа бо ёдоварӣ аз ширкати нирӯҳои ин кишвар дар низоъҳои Қафқоз, Эрон ва Осиёи Марказӣ сухан мегӯянд ва муносибатҳои онро бо Афғонистон дар чанд даҳсолаи ахир мавриди бозгӯ қарор медиҳанд. Сарбозони Туркия, ки дар ҷанги сисола зидди ҷудоиталабони курд таҷрибаи амалии ҳарбӣ андӯхтаанд, ба нирӯҳои Иттиҳоди шимоли Афғонистон машқи низомӣ хоҳанд дод. Вазири корҳои хориҷии Туркия Исмоил Ҷем рӯзи сешанбе дар Анкара дар бораи вазифаи нирӯҳои Туркия дар Афғонистон чунин гуфт: "Сарбозони турк дар робита бо муборизаи зидди террорисм истифода хоҳанд шуд ва ба ин мубориза кӯмак хоҳанд кард. Ин ҳаргиз нирӯе нахоҳад буд, ки зидди Афғонистон бошад ва ба Афғонистон ҳамла кунад. Баракс ин нирӯест, ки ба наҷоти мардуми Афғон аз зулми террорисм ёрӣ хоҳад расонд." Аммо таҳлилгари Уолл Стрит Ҷорнел Юроп менависад, нақши Туркия дар Афғонистон аз ин ҳам васеътар хоҳд буд. Туркия метавонад як намунаи роҳи ояндаи Афғонистон бошад. Рӯзнома меафзояд, ҳанӯз дар солҳои бистум Кобул ба Анкара як ҳусни таваҷҷӯҳ дошт ва ба ислоҳоти ҳаракати миллатгарои Камоли Отатурк пайравӣ мекард. Отатурк дар Туркия инқилоби маданӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ба амал оварда, сохторҳои исломиро тағйир дод, низоми адлияи ғарбӣ, алифбои лотинӣ, сарулибос ва ному насаби ғарбиро ҷорӣ намуд. Ва Афғонистон аввалин давлат буд, ки ҳукумати Отатуркро ба расмият шинохта, амир Амонуллоҳхон бо кӯмаки дипломатҳо, мушовирони ҳарбӣ, муҳандисон, доктору омӯзгорони фиристодаи Туркия ба ислҳи низоми Афғонистон шурӯъ кард. Вале, идома медиҳад Уолл Стрит Ҷорнел Юроп, мардуми Афғонистон ба чунин ислоҳот омода набуд ва дар асари як шӯриш таҳти сарварии Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ машҳур ба Бачаи Сақов ҳукумати Амонулохон сарнагун гардид. Аммо дар солҳои баъд низ майли ҷомеъаи Афғонистон ба навсозии низоми ин кишвар идома дошт. Бо афзоиши ҳамкорӣ бо Маскав ва баъди ишғоли Афғонистон аз тарафи шӯравӣ ҷойи таҳсилдидагони Туркияро дар сохторҳои давлати Афғонистон таҳсилдидагони шӯравӣ гирифтанд ва бо ин таъсири Туркия дар Афғонистон тақрибан аз байн бурда шуд. Акнун ба шарҳи рӯзнома марҳилаи наве фаро расид, ки дарро ба рӯи чунин таъсир боз намудааст. Рӯзнома мегӯяд, Туркия метавонад дар эҳёи сиёсӣ ва мадании Афғонистон нақши мушвоири муҳими Ғарбро бозӣ кунад. Ба ақидаи шореҳ дидгоҳи Анкара муҳим буда метавонад, онгуна, ки дар мавриди сулҳи Ховари Миёна баъди аҳдномаи Осло гуфта буд, ҳалли сиёсии низоъи арабу исроил имконпазир хоҳад гашт, аммо на ҳалли мушкили террорисм. Худи Туркия дар баробари ваҳшатафканӣ роҳи дигарро пеш гирифтааст. Фишори ҳарбӣ ба Сурия ва боздошти сарвари Ҳизби коргарии Курдистон Абдулло Оҷалон дар ин робита намуна оварда мешавад. Аммо худи рӯзнома боз аз он изҳори ташвиш мекунад, ки масъалаи ҳуқуқи инсон дар муносибати Анкара бо курдҳо мавриди нороҳатии Иттиҳоди Аврупост ва солҳои охир Туркия натавонистааст дар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз густариши нуфузи Эрон ҷилавгирӣ кунад. Эрон дар номгӯи давлатҳоест, ки Иёлоти Муттаҳида онҳоро сармоягузорони террорисм меномад. Аммо Вашингтон аҳамияти Эронро ҳамчун ҳамсояи Афғонистон дар барномаи ҷаҳонии зидди террорисм дарк мекунад ва доираҳои ислоҳотҷӯи Эрон хоҳони ҳамкорӣ бо Вашингтонанд, то дар ҳалли мушкили Афғонистон нақши худро ҳифз кунанд. Рӯҳониёни тундрави Эрон ба чунин майл мухолифанд ва оғози ҳамкории Теҳрону Вашингтонро омили хатар ба қудрати шахсии худ медонанд. Дар ҷамъбасти ин баррасӣ сафари президенти Туркия Аҳмад Наҷдат Сезер ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон метавонад, шурӯъи фаъолиятҳои дипломатии Туркия бошад дар масъалаи Афғонистон дар такия ба иқдоми қавии ирсоли сарбозон ба дохили Афғонистон ва хушбинии Ғарб аз мавқеъи Анкара.

XS
SM
MD
LG