Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида ва президенти Тоҷикистон дар Душанбе



Раҳматкарими Давлат

Доналд Рамсфелд, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида аз ҳаҷми ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар муборизаи зидди террорисм изҳори қаноатмандӣ кард ва Тоҷикистон дар навбати худ гуфт, дар ҳолати зарурӣ ҳамкориҳояшро бо Америка густариш хоҳад дод.



Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Доналд Рамсфелд ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳолати ҳамкориҳои дуҷонибаро дар муборизаи алайҳи террорисм баррасӣ намуданд. Доналд Рамсфелд гуфт, кишвараш аз сатҳи ин ҳамкориҳо дар марҳилаи феълӣ қонеъ мебошад. Вай гуфт ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон истифода мекунанд ва миёни ду кишвар табодулаи ахбори иктишофӣ ба роҳ монда шуда, ҳамкории низомиёни Америка ва Тоҷикистон ба фоидаи ҳарду тараф то рафт густариш меёбад. Вазири корҳои берунаи Тоҷикистон Талбак Назаров дар нишасти муштараки матбуотӣ бо ҷаноби Рамсфелд гуфт, Тоҷикистон омода аст дар ҳолати зарурат ҳамкории худро бо Иёлоти Муттаҳида дар муборизаи зидди террорисм густариши бештар диҳад. Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида дар посух ба саволи дурнамои амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон гуфт, муборизаи зидди террор пирӯз хоҳад шуд ва он гоҳ Америка ният надорад, нирӯҳояшро дар Афғонистон нигоҳ дорад. Масъалаи ояндаи сиёсии Афғонистонро бояд Милали Муттаҳид ва кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон баррасӣ ва ҳал намоянд.

XS
SM
MD
LG