Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳамияти Ӯзбакистон дар амалиёти зидди террори Иёлоти Муттаҳида рӯ ба афзоиш аст



Брюс Паннир

Таҳлилгарони умури Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бар инанд, ки ҳоло Иёлоти Муттаҳида ба нақши Покистон дар амалиёти зидди террор бартарӣ медиҳад, аммо бо зиёд шудани эътирозҳо ва мудохилаи қабоил дар Покистон аҳамияти Ӯзбакистон дар ин маърака ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

Аз байни кишварҳои собиқ шӯравӣ Ӯзбакистон аввалин шуда ба Иёлоти Муттаҳида дар маъракаи зидди террорисм кӯмаки худро пешниҳод кард. Дар рӯзҳои ташаккули эътилофи зидди террор Тошканд ҳарими ҳавоии худро барои Иёлоти Муттаҳида боз намуд ва як фурудгоҳи худро дар ихтиёри нирӯҳои он гузошт. Ба зудӣ вазорати дифоъи Америка ҳазор нафар аз сарбозони фирқаи даҳуми кӯҳгарди худро ба Хонободи Қаршӣ, садупанҷоҳкилометрии марзи Афғонистон фиристод. Фармондеҳи амалиёти ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон генерал Томмӣ Френкс ба Тошканд сафар намуд ва бо президент Ислом Каримов гуфтушунид кард. Вай гуфт, ин сӯҳбат хеле боз, озодона ва ошкоро буд. Ҳайъати баландпояи Иттиҳоди Аврупо охири моҳи октябр вориди Тошканд шуд ва густариши равобитро бо Ӯзбакистон баррасӣ намуд. Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Доналд Рамсфелд тайи ду ҳафта бори дуюм ба Ӯзбакистон сафар намуд ва ҳамаи ин диду боздидҳо нишон медиҳанд, ки аҳамияти Ӯзбакистон дар маъракаи зидди террор рӯ ба афзойиш мебошад. Мудири маркази таҳлилии Евразия Груп дар Ню-Йорк Ян Бреммер ба Радиои Озодӣ гуфт, бо чанд сабаб Ӯзбакистон барои истифодаи Иёлоти Муттаҳида муносибтар аз Покистон аст. Пеш аз ҳама, ба гуфтаи Бреммер таъмини амнияти нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ӯзбакистон назар ба Покистон осонтар мебошад. Дар Покистон намоишҳои эътирозӣ ахиран ҳарчӣ бештар ба зӯровариҳо сабаб мегарданд ва аз як сӯ қабоили паштуни Покистон, аз сӯи дигар тундравони исломии ин кишвар ба эътидоли Покистон, ҳатто ба ҳукумати Мушарраф таҳдид мекунанд: "Хатари ин вуҷуд дорад, ки худи Мушарраф мумкин аст, сарнагун шавад, агар америкоиҳо Покистонро махсусан қавӣ истифода кунанд."

Бреммер мегӯяд, президент Каримов назорати кишвари худро беҳтар ба роҳ мондааст. Ғарб Тошкандро ҳамеша барои чунин сиёсат мавриди танқид қарор медод, ҳоло ягона мавқеъест, ки ҳокимияти худкома ва мушти оҳанини Каримов мавриди тавсиф мебошанд. Пол Бартон, таҳлилгари маҷаллаи Ҷейнс Сентинел дар ин бора мегӯяд: "Каримов солҳост, ки бо мушти оҳанин ҳукумат меронад ва гумон аст, он чӣ дар Покистон ба амал омад, Каримов ба чунин ҳолат иҷоза диҳад."

Коршиносон мегӯянд, таркиби қавмии манотиқи Покистон дар марз бо Афғонистон як омили дигарест, ки истифодаи пойгоҳҳои Покистонро барои нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида мушкил мегардонад. Ҳамин ақидаро Пол Бартон низ тасдиқ мекунад ва мегӯяд: "Марзи Афғонистону Покистон гузаргоҳҳои зиёде дорад. Паштунҳо, ки дар ду тарафи ин сарҳад зиндагӣ мекунанд, худро як миллат мешуморанд ва ин марзро эътироф намекунанд. Амалан, таҳти назорат гирифтани ин марзи кӯҳистонӣ ғайримумкин аст."

Дар тафовут бо Покистон, дар манотиқи марзии Ӯзбакистон асосан ӯзбакҳо ва тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва ба ҳокимияти толибҳо мухолиф буда, аз Иттиҳоди Шимол пуштибонӣ менамоянд. Аз ҷониби онҳо ба нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида таҳдиде ба амал нахоҳад омад. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи Бартон, фурудгоҳ ва пойгоҳҳои ҳарбии ин минтақа, ки дар гузашта Иттиҳоди шӯравӣ барои амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон бино карда буд, қобили истифода ҳастанд ва метавонанд, ҳазорон нафар сарбозу таҷҳизоти ҳарбиро дар худ ҷой диҳанд. Аммо беҳтарин пойгоҳҳои Покистон дар манотиқе воқеъ мебошанд, ки муқовимати ин кишварро ба ҳамсояи шарқияш -- Ҳиндустон таъмин намоянд. Онҳо аз марзи Афғонистон дуртаранд. Бо идомаи эътирозҳо дар Покистон ва мавқеъи осебпазири ҳукумати ин кишвар аҳамияти Ӯзбакистон ва эҳтимолан Тоҷикистон дар марҳилаи ояндаи амалиёти Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ба маротиб зиёд хоҳад шуд, мегӯянд коршиносони умури минтақа.



(Баргардони Салим Аюбзод)

XS
SM
MD
LG