Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо хоҳони густариши равобит бо Тоҷикистон шуд



Мирзонабии Холиқзод

Ҳайъати Иттиҳоди Аврупо таҳти сарварии Луис Мишел, раиси ин иттиҳод ва вазири корҳои берунаи Белгия дар пайи густариши равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди Душанбе шуд, баъди боздид аз Ишқобод ва Тошканд.



"Ман кӯшиш мекунам, ки муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бознигарӣ шаванд ва ҳоло пайтест, ки иттиҳод аз ҷумла бо Тоҷикистон, ки дар муборизаи зидди террор нақши асосӣ бозида метавонад, робитаҳои васеътаре бино кунад. "Чунин гуфт Луис Мишел раиси Иттиҳоди Аврупо ва вазири корҳои хориҷии Белгия, ки дар садри як ҳайъати баландпояи Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов вазъи Афғонистон ва ҳолати ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯби муборизаи зидди террор баррасӣ кард. Қабл аз сафари Душанбе Луис Мишел дар Тошканд бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов дидору гуфтушунид дошт. Сухангӯи ҷаноби Мишел Оливер Алстинс гуфт, мақсади сафари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар навбати аввал ин аст, ки иттиҳоди мазкур мехоҳад сипосгузорияшро аз ширкати ин кишварҳо дар муборизаи зидди террор баён дорад ва ҳамзамон тарҳи ҳамкориҳои нави дуҷониба ва роҳҳои кӯмак ба мардуми осойиштаи афғонро баррасӣ намояд. Раҳбарияти Тоҷикистон ба ҳамкории густарда бо Иттиҳоди Аврупо дар роҳи кӯмак ба мардум осоиштаи Афғонистон изҳори омодагӣ кард.

XS
SM
MD
LG