Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравони исломӣ мехоҳанд ба сафи нафарҳои бен Лодин дар Афғонистон бипайванданд



Соҷидаи Мирзо

Садҳо мусулмон аз Африқо то Британия ва аз ҷаҳони араб то кишварҳои дигари исломӣ дар пайи билети ҳавопаймову киштиву мошинҳои кироӣ, кӯшиш доранд, худро ба Афғонистон расонанд, то дар "ҷиҳод" иштирок кунанд.

Садҳо мусулмон аз Африқо то Британия ва аз ҷаҳони араб то кишварҳои дигари исломӣ дар пайи билети ҳавопаймову киштиву мошинҳои кироӣ, кӯшиш доранд, худро ба Афғонистон расонанд. Ба Афғонистоне, ки бо мавҷудияти пойгоҳҳои террористӣ ва Толибон - режими пуштибони даҳшатафканҳо дар маркази муборизаи Иёлоти Муттаҳаида ва иттифоқчиёни он қарор гирифтааст. Ҳадафи мусофирони мусулмон як чиз аст: тарафдорӣ аз Толибон дар муқовимати онҳо ба Иёлоти Муттаҳида. Толибон мегӯянд, ки феълан ба кӯмак ниёз надоранд. Сафири Толибон дар Покистон Абдулсалом Заиф гуфт, ки онҳо пешниҳоди кӯмакро бо далели адами шурӯъи амалиётҳои заминӣ рад намуданд. Заиф афзуд, дар марҳилаи феълӣ, ки танҳо аз ҳуҷумҳои ҳавоӣ иборат аст, хатаре ба Толибон таҳдид намекунад. Баъзе рӯҳониён ва сухангӯи терористи рақами 1 Усома бен Лоден мусулмонони ҷаҳонро ба дифоъи Афғонистон даъват кардаанд. Теъдоди мусулмононе, ки ин сафари тӯлониро бо шикасти монеъаҳои қонунӣ ва ба хотири ҷиҳод пушти сар намуда то ҷабҳаи Афғонистон расидаанд, маълум нест. Як мақоми амниятии Яман гуфт, хоҳишмандони сафар ба Афғонистон он қадар бисёранд, ки ҳукумат дар марз, фурудгоҳ ва бандарҳои кишвар постгоҳҳо таъсис дода нирӯҳои низомиро ба бандари Аден, дар баҳри Сурх интиқол дод, то аз сафари шаҳрвандони худ ба Афғонистон ҷилавгирӣ кунад. Мақомоти Арабистони Саудӣ низ мегӯянд, ки чанде қабл аз сафари 40 шаҳрванди худ тавассути Покистон ба Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд. Яман ва Арабистони Саудӣ дар ҷанг алайҳи терроризм иттифоқчии Амрико мебошанд. Барои покистониҳо, ки бо теъдоди ҳазорон нафар дар марзи Афғонистон ҷамъ омадаанд, сарфи назар аз ҳузури низомиён убури сарҳад кори душвор нест. Мақомоти Покистон аз ҷанги Иёлоти Муттаҳида алайҳи терроризм пуштибонӣ мекунад, аммо баъзе шаҳрвандони он мусаллаҳ бо камону автомат ва ҳатто табару шамшер хоҳиши иштирок дар ҷиҳод алайҳи Амрикоро доранд. Фаррух Шоҳ, як шаҳрванди 21-солаи Покистон ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, модараш ҷавоҳироти худро фурӯхта барои ӯ автомати Калашников харид, то ба Толибон кӯмак кунад. Дар Африқои Ҷанубӣ Акбар Иброҳими 55 сола ресторани худро фурӯхт ва бо ду писараш озими ҷанги Афғонистон аст. Ӯ мегӯяд, "мо ба ҷанг омодаем, ва ҳар касе, ки мусулмон аст ва ба худо эътиқод дорад, бояд дар ин ҷанг бошад." Гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои бунёдгарои Африқои Ҷанубӣ рӯйхати 2500 нафарро барои интиқол ба Афғонистон омода кардаанд. Аммо ин рақам аз будаш бештар нишон дода шудааст. Як шаҳрванди Британия дар Покистон иддао кард, ки дар чанд ҳафтаи ахир 200 шаҳрванди Британияро бо роҳи қочоқ ба Афғонистон интиқол додааст. Ҳафтаи гузашта бар асари ҳуҷумҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида болои пойгоҳҳои террористӣ дар Афғонистон се шаҳрванди Британия ҳалок шуд. Гурӯҳи байналмилалии Ал-Муҳоҷирон ин иттилоъро тасдиқ намуд ва ҳалокшудагонро шаҳид эълон кард. Сухангӯи ин созмон Анҷем Чодарӣ мегӯяд, ки онҳо мусулмонҳоро дар роҳи иҷрои масъулияти аслӣ кӯмак ба бародари мусулмон ҷасур мекунанд. Ҳукумати Британия рӯзи душанбе мусулмонҳоро ҳушдор дод, ки оқибати ширкати худро дар ҷанги Афғонистон ва таъсири онро рӯи хонаводаҳои худ андеша кунанд.

XS
SM
MD
LG