Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати баландпояи Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон сафар мекунад



Салими Аюбзод

Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе дар Люксембург масъалаи ҳифз ва таҳкими эътилофи зидди террорро дар пасманзари идомаи зарбаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карда, тасмим гирифтанд, як ҳайъати баландпояи Иёлоти Аврупоро ба се давлати Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон фиристанд.



Ин ҳайъатро вазири корҳои берунаи Белгия Луйис Мишел сарварӣ хоҳад кард ва интизор меравад, кумисари умури берунаи Иттиҳоди Аврупо Крис Патн ва масъули амният ва сиёсати хориҷии ин ниҳод Ҳавийер Солана низ дар ин гурӯҳ ба минтақа сафар кунанд. Ба саволи мо дар бораи инки оё ҳадафи аслии сафари мазкур чист, сухангӯи вазири умури хориҷии Белгия Оливер Алстинс гуфт: " Луйис Мишел аллакай як бор ба минтақа сафар кард ва ҳамчун президенти Иттиҳоди Аврупо вай мехоҳад аз ширкати кишварҳои атрофи Афғонистон дар маъаракаи зидди террорисм ташаккур кунад. Ҳамчунин дар рафти ин сафар роҳҳои расондаи кӯмак ба мардуми Афғонистон баррасӣ хоҳанд шуд. Оливер Алстинс, сухангӯи вазири умури хориҷии Белгия гуфт, куллан сафарҳои ахири намояндагони Иттиҳоди Аврупоро метавон идомаи муколамаи сиёсӣ дар муборизаи якҷоя зидди террорисм номид. Дар нишасти Люксембург вазирони умури хориҷии 15 кишвар таҳкими равобитро бо Эрон ва Покистон дар робита бо рӯйдодҳои Афғонистон як самти муҳими сиёсти берунаи Иттиҳоди Аврупо шумурданд. Онҳо бори дигар аз амалиёти зидди террор дар Афғонистон пуштибонӣ карданд ва гуфтанд, Иттиҳоди Аврупо дар як саф бо Милали Муттаҳид ба бунёди ҳукумати нави Афғонистон мусойидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG