Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси аъзои Ҳизб-ут Таҳрир



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Ду нафар ах аъзои Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҳамроҳ бо чанд нафари дигар, ки муттаҳам ба пуштибонии Ҳизб-ут Таҳрир ҳастанд, аз тарафи додгоҳи ноҳияи Турсунзода ба ҳабс маҳкум шуданд.

Тибқи гузориши Франс Пресс ду нафар ах аъзои Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҳамроҳ бо чанд нафари дигар, ки муттаҳам ба пуштибонии Ҳизб-ут Таҳрир ҳастанд, аз тарафи додгоҳи ноҳияи Турсунзода ба ҳабс маҳкум шуданд. Раиси додгоҳ Давлатбек Забиров ба Франс Пресс гуфт, иллати маҳкумияти аъзои ҲНИТ адами ҳамкории онҳо бо мақомоти амниятӣ бар зидди Ҳизб-ут Таҳрир буд. Аммо ҷаноби Забиров илова кард, ки ин ду нафар баъд аз эълони ҳукм мавриди авф қарор гирифтанд. Бори аввал аст, ки аъзои ХНИТ дар робита бо Ҳизб-ут Таҳрир дар як додгоҳи Тоҷикистон маҳкум мешаванд. Се тарафдори Ҳизб-ут Таҳрир Абдулло Пирматови 26 сола, Муҳаммад Умарови 30 сола ва Акбар Қурбоновичи 24 сола аз 10 то 15 солӣ ҳабс шуданд.

XS
SM
MD
LG