Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Дустум дар фатҳи Мазори Шариф



Соҷидаи Мирзо

Генеарали узбак Абдулрашид Дустум, яке аз фармондеҳони Эътилофи зиддитолибон бо таъиди ҳамоҳангии комил миёни нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Шимол гуфт, ҳуҷумҳои ахири ҳавопаймоҳои Амрико ба мавқеъи Толибон мувофиқи дастури ӯ сурат гирифтанд ва нирӯҳои Шимол бо истифода аз ин зарбаҳо монеъи пешрафти Толибон гардиданд.

Генеарали узбак Абдулрашид Дустум, яке аз фармондеҳони Эътилофи зиддитолибон бо таъиди ҳамоҳангии комил миёни нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Шимол гуфт, ҳуҷумҳои ахири ҳавопаймоҳои Амрико ба мавқеъи Толибон мувофиқи дастури ӯ сурат гирифтанд ва нирӯҳои Шимол бо истифода аз ин зарбаҳо монеъи пешрафти Толибон гардиданд. Иттилоъи генерал Дустум перомуни ҳамоҳангӣ дар фаъолияти фармондеҳони Шимол ва нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар ҳоле пахш гардид, ки ин фармондеҳон ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз кӯмакҳои Амрико, ки ба гуфтаи онҳо танҳо хусусияти символикӣ дошт, шикоят мекарданд. Дустум ҳуҷумҳои ахири ҳавопаймоҳои Амрикоро ба мавқеъи Толибон, дар наздикии Мазори Шариф кӯмаки чашмгир арзёбӣ намуд. Ӯ афзуд, феҳрасти нуқотеро дар ихтиёри Амрикоиҳо гузошт, ки бояд мавриди зарбаҳои ҳавоӣ мебуданд ва аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ҳуҷуми амрикоиҳо нишонгир буда, бидуни иштибоҳ пиёда мешавад. Генерал Абдулрашид Дустум ҳамчунин хабар дод, ки бо рақиби қадимии худ, фармондеҳи дигари Эътилофи Шимол Ато Муҳаммад оштӣ кардааст. Ва ҳамчунин дар мавриди муборизаи муштарак алайҳи Толибон бо Ато Муҳаммад ба созиш расидаст. Дустум эътироф кард, ки носозгорӣ миёни душманони қадимӣ чанде пеш ба ишғоли Мазори Шариф аз ҷонби Иттиҳоди Шимол, ки ба канораҳои шаҳр ворид буданд, халал расонд. Дустум гуфт, ки акнун зимоми фармондеҳӣ дар самти Мазори Шариф дар дасти ӯст ва ҳеҷ ихтилофи назар ва ё носозгорӣ миёни онҳо вуҷуд надорад. Барномарезони низомӣ ҳар таҳаввулотро дар самти Мазори Шариф, калонтарин шаҳри минтақаи шимол, ки то соли 1998 таҳти назорати Дустум қарор дошт, ҷиддан пайгирӣ мекунанд. Зеро дар сурати суқути Мазори Шариф ва ба дасти Эътилофи Шимол гузаштани он, бахши бузурги қисмати шимоли Афғонистон аз контроли Толибон хориҷ хоҳад шуд. Ва ҳамзамон роҳи муҳими вуруди лавозимоти ҷангӣ ва кӯмакҳои башарӣ аз Узбакистон ба Афғонистон кушода мешавад. Аммо Иёлоти Муттҳида ва нозирони дигар аз он ташвиш доранд, ки бо ихтилофи назарҳои мавҷуд дар дохили гурӯҳҳои сиёсӣ ва низомии Эътилофи Шимол, гумон аст, ки онҳо тавони решакан намудани рақиби муштараки худ - Толибонро дошта бошанд ва ё баъди сари Толибон ҳукуматро ба оромӣ идора карда тавонанд. Ба назар мерасад, дар оғози амалиёти зиддитерористӣ стратегияи Иёлоти Муттаҳида тавре буд, ки дар кӯмаки Эътилофи Шимол таъхир кунад, то онҳо натавонанд сареъан пешрафт кунанд. Дар ду ҳафтаи аввал ба ҳуҷумҳои ҳавоӣ дуртар аз хати ҷабҳаи Эътилофи Шимол ва Толибон тарҷеҳ дода шуд. Аммо дар чанд рӯзи гузашта назарҳо дар мавриди ҷанг дар шимоли Пойтахт ва маъракаи Эътилофи Шимол барои ишғоли Мазори Шариф тағйир ёфтанд. Генерал Дустум мегӯяд, ки ҳуҷумҳои ҳавоии Иёлоти Муттҳаида роҳҳоро барои ҳаракати нирӯҳои Шимол ба самти Мазор ҳамвор намуданд. Даргирӣ дар наздикиҳои Мазори Шариф бегоҳи рӯзи душанбе сар шуд ва танҳо субҳи сешанбе ҳар ду ҷониб дар ҷабҳа танаффус эълон намуданд. Ба гуфтаи Генерал Дустум нирӯҳои Эътилофи Шимол аз чанд самт ба мавқеи Толибон ҳуҷум намуда онҳоро ба ақибнишинӣ маҷбур мекунанд. Бегоҳи рӯзи сешанбе генерал Дустум хабар дод, ки ҷангҳо дар манотиқи наздик ба шаҳри Мазори Шариф ҳамоно идома доранд. Дустум гуфт, нирӯҳои ӯ дар 45 километрии Мазори Шариф дар самти минтақаи Дараи Суф, воқеъ дар қисмати шарқии Самангон, ба пеш ҳаракат мекунанд. Аммо вазири маорифи Толибон Амирхон Уттақӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории мустақили Афғонистон гуфт, оппозитсиюн кӯшишеро барои ҳаракат ба самт анҷом дод, аммо нирӯҳои Толибон онҳоро ақиб партофтанд.

XS
SM
MD
LG