Пайвандҳои дастрасӣ

Милали Муттаҳид аз ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар расондани кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон розист



Никола Крастев

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, давлатҳои Осиёи Марказӣ дар кӯшишҳои расонидани кӯмакҳои башарӣ ба мардуми мӯҳтоҷ ва беҷошудаи Афғонистон бо ниҳодҳои байнулмилал ҳамкорӣ мекунанд ва дар мавриди идома ва вусъати ин ҳамкорӣ ба Милали Муттаҳид посухи мусбат медиҳанд.

Ню-Йорк, Милали Муттаҳид (23 октябр)--Каролин Мак Аски, ҳамоҳангсози кӯмакҳои фавқулоддаи Милали Муттаҳид гуфт, нойиби Дабири кулли Созмони Милал дар умури башарӣ Кензо Ошима аз ҳукуматҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон дар мавриди ҳамкории мазкур посухи мусбат ба даст овардааст. Ошима ин ҳафта ба се кишвари ҳамсояи Афғонистон сафар карда, кӯшишҳои мададро ба аҳолии кишвари ҷангзада то расидани фасли сармо густариш хоҳад дод. Хонум Мак Аски дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Кензо Ошима ба сарони давлатҳои номбурда мактуби Дабири кулли Милали Муттаҳид Кофӣ Аннонро расонд, ки зарурати ҳамкории наздикро тақозо кардааст: "Сафари ҷаноби Ошима ба Туркманистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар идомаи сафари Эрон ва Покистон ба амал омад. Вай ҳоло дар он ҷост ва бо ҳукуматҳои мазкур гуфтугӯ мекунад, ки ҳамкории онҳо дар роҳи расондани кӯмакҳо то Афғонистон як юахши барномаи куллии байнулмилалии расидагӣ ба вазъияти бӯҳронист. Ин барнома ҳамчунин ёриро ба худи кишварҳои мазкур дар назар дорад, то муайян шавад, ки аз кадом тариқ ва бо истифода аз ҳаримҳои ҳавоӣ кӯмакҳо ба мардуми Афғонистон, ки аз бӯҳрон ранҷ мекашад дастрас гардад."

Каролин Мак Аски гуфт, Барномаи ҷаҳонии хӯроквории Милали Муттаҳид аллакай ба воситаи Туркманистон ба Афғонистон маводи ғизоӣ интиқол медиҳад, аммо дар талаби ин аст, ки ҳаҷми маводи мазкур зиёд карда шавад. Ҳамоҳангсози кӯмакҳои фавқулоддаи Милали Муттаҳид афзуд, нойиби Дабири кулл Кензо Ошима қарор аст, имрӯз гуфтушуниди серӯзаи худро бо мақомоти Ӯзбакистон оғоз кунад ва баста будани марзи Ӯзбакистон бо Афғонистон дар ин барнома ба кӯмакҳои башарии Милали Муттаҳид халал нахоҳад расонд. Роҷеъ ба вазъияти куллӣ Мак Аски гуфт, аз оғози ҳамлаҳои террористӣ ба Иёлоти Муттаҳида дар 11-ҳуми сентябри соли равон зиёда аз 40 ҳазор нафар Афғонистонро тарк кард. Вай гуфт, тибқи гузоришҳо 180 ҳазор нафари дигар дар дохили кишвар муҳоҷир шуданд ва ин изофа ба 1 миллиону сад ҳазор нафаре ки қаблан дар дохили Афғонистон аз манзилҳои худ маҳрум гаштаанд. То ҳол, ба гуфтаи Мак Аски ними кӯмакҳои таҳяишуда ба Афғонистон интиқол ёфт. Вай гуфт, яке аз калонтарин мушкилот ин аст, ки толибҳо захираҳои хӯрокворӣ ва воситаҳои нақлиёти ниҳодҳои хайрияро мавриди ғорат ва рабоиш қарор медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ фармони ахири раҳбари олии толибҳо Мулло Муҳаммад Умар мумкин аст ба вазъият рӯшанӣ ворид кунад: "Ду анбори калони хӯрокворӣ дар Кобул рабуда шуданд, вале мо бахши калони онҳоро бозпас гирифтем. Ва ҳамчунин анбори Кобул барои панҷ ҳазор тонна бозпас гирфта шуд. Мулло Умар фармон дод, ки мақомоти толибон набояд ба марказҳои Милали Муттаҳид ва намояндагиҳои хориҷӣ ҳамла кунанд ва ҳамаи амволи ғоратшударо фарван бозгардонанд." Сухангӯи Милали Муттаҳид Ҳасани Фирдавс гуфт, баъди ин фармон толибҳо ҳамчунин маркази хайрияи Милали Муттаҳидро дар Мазори Шариф ба соҳибонаш бозгардонданд.

(Баргардони Салими Аюбзод)

XS
SM
MD
LG