Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов, Путин, Раббонӣ -- мулоқот дар Душанбе



Соҷидаи Мирзо

Путин, ки мулоқоти нимашабиеро дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раиси ҷуҳури барканоршудаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ анҷом дод, бори дигар гуфт, Маскав аз ҳукумати қонунии Афғонистон, ки барои озодии кишвараш кайҳо боз мубориза пеш мебарад пуштибонии ҳамаҷониба хоҳад кард.

Сарвари Кремлин Владимир Путин, ки мулоқоти нимашабиеро дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раиси ҷуҳури барканоршудаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ анҷом дод, бори дигар гуфт, Маскав аз ҳукумати қонунии Афғонистон, ки барои озодии кишвараш кайҳо боз мубориза пеш мебарад пуштибонии ҳамаҷониба хоҳад кард. Путин афзуд, ҳадафи сиёсати Руссия дар Афғонистон ташкили шароитест, ки мардуми он дар муаян намудани сарнавишти худ ва оғози зиндагии осоишта соҳибистиқлол буда, давлатеро бунёд кунад, ки бо ҳамсояҳо муносибати дустона дошта бошад. Путин гуфт, дар ҷараёни дидору гуфтугу бо ҷониби Тоҷикистон ва Афғонистон як қатор масоили марбут ва вазъи Афғонистонро баррасӣ намудааст ва афзуд, шарти асосии гузариш аз вазъи низомӣ ба шароити сиёсӣ дар Афғонистон иҷрои бечуну чарои талаботи эътлофи зидди терористӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG