Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ: идомаи рақобатҳои геополитикӣ ва ё оғози давраи ҳампаймонӣ?



Салими Аюбзод

Сафари президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ва мулоқоти сеҷонибаи ӯ бо президент Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва президенти барканоршудаи Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ сатҳ ва дараҷаи ҳамкории Маскавро бо Вашингтон ва эътилофи зидди террор ва ҳамоҳангии ин эътилофро бо Русия зери шубҳа қарор дод.



Ҳукумати нави Афғонистон баъди се ҳафтаи дигар таъсис хоҳад ёфт. Чунин сарлавҳа нашр шуд, дар матбуоти Русия, ба думболи сафари президенти ин кишвар Путин ба Шанҳай ва Душанбе ва мулоқоташ бо президентҳо Буш, Раҳмонов ва Раббонӣ, албатта, президенти сеюмро барканоршуда бояд номид, ва ҳам бояд афзуд, вазни ҳамаи номбурдагон ҳамсон нест. Бо ин сарлавҳа хабаргузории давлатии РИА Новости, аз ҷумла нишон доданист, ки нақши Русия дар ҳалли мушкили Афғонистон то куҷо бузург аст. Ин ҳам дар ҳоле ки мақомоти Иёлоти муттаҳида ва Созмони Милал дар ин бора бо хоксорӣ ҳарф мезананд ва ягон таъриху санаро номбар намекунанд. Владимир Путинро дар сафари Душанбе ҳайъати калони вазирон ва сарони ҳарбӣ ҳамроҳӣ кард, ки низ аломати муносибати ҷиддии Маскав ба иҷрои нақши вижа дар минтақа буда метавонад. Бархе аз коршиносон, аз ҷумла сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, бар ин ақидаанд, ки Маскав намехоҳад, ҳалли сарнавишти ояндаи Афғонистонро пурра ба дасти Вашингтон бидиҳад ва дар асари ин нуфузи Иёлоти Муттаҳида дар минтақа ба маротиб сангинтар гардад. Назар ба навиштаҳои ахири сиёсатдононе, ки президент Путин аз машварати онҳо истифода мекунад, Маскав аз ҳамкории густаришёбандаи Ӯзбакистону Иёлоти муттаҳида дар ташвиш аст ва шубҳае баён мешавад, ки Тошканду Вашингтон бо Исломобод гуфтугӯ доранд, то дар ояндаи Афғонистон ба манотиқи ӯзбакнишини Афғонистон мухторияти бештар дода шавад ва ҳам нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ба генерал Дӯстум кӯмак мекунанд, аммо бо ҷузви дигари Иттиҳоди Шимол, яъне нирӯҳои генерал Фаҳим бо эҳтиёт муносибат мекунанд. Мудири пажӯҳишгоҳи Кишварҳои муштаракулманофеъ Константин Затулин, мегӯяд, аз ин рӯ ба Путин зарур аст, ки фаъолияти бештар нишон диҳад ва бо кӯмакҳои ҳарбии Русия нирӯҳои Раббонӣ қаламрави ҳарчӣ бештари Афғонистонро ба даст оранд. Дар ҳамин ҳол сиёсатшиносони ғарбгарои Русия мегӯянд, чунин шубҳаҳо замина надоранд ва бо сабаби онки Иёлоти Муттаҳида барномарезиҳои худро бо Маскав ҳамоҳанг намекунад ва ё аз Маскав маслиҳат намепурсад, чунин каҷфаҳмиҳо ба миён омадаанд ва Русия меҳаросад, ки ҳамаи масъала бе иштироки он ба поён расад. Дар Душанбе аз вазири дифоъи Русия Сергей Иванов савол шуд, ки оё кӯшиш ва барномаҳои ояндаи Маскав дар минтақа бо барномаҳои Иёлоти муттаҳида ва эътилофи байнулмилал то куҷо ҳамоҳанг карда шудаанд. Ҷавоби Сергей Иванов бо мармузии худ ҳамин нуктаро тасдиқ мекунад. Вай гуфт, ин барномаҳо то ҷое ҳамоҳанг ҳастанд, ки тарафҳо мехоҳанд. Ин ишораест, ки Вашингтон ҳамоҳангии пурраро намехоҳад ва ба таври мустақил амал мекунад. Сергей Иванов, вазири диофъи Русия гуфт, бо вуҷуди ин Маскав дар навбати аввал бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вориди ҳамкорӣ шудааст, ки солҳо боз аз террорисме, ки толибон мепарокананд, азийят мекашанд. Александр Умнов таҳлилгари рус менависад, ҳатто дар мавриди муносибат ба Толибон Маскаву Вашингтон аз ҳам фарқ доранд. Маскав толибон ва бен лодинро ду тарафи як танга меномад, Вашингтон мегӯяд, бен лодин террорист аст ва толибон ба он гунаҳкоранд, ки ӯро паноҳгоҳ додаанд. Умнов аз он изҳори ташвиш мекунад, ки ҳар бозингари беруна барои худ ин ё он гурӯҳро намояндаи манфиатҳои худ интихоб карда, ҳалли низоъро мушкилтар месозад. Русия пуштибонии худро аз Иттиҳоди шимол ингуна асоснок мекунад, ки давлати профессор Раббонӣ ҳукуматест, ки ҷомеъаи байнулмилал эътироф намудааст. Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ҳукумати нави Афғонистон бе иштироки паштунҳо ҳамчун калонтарин қавми кишвар нопойдор хоҳад буд. Аммо пажӯҳишгари таърихи Афғонистон, устоди донишгоҳи Вена Габриела Расулӣ-Палечек мегӯяд, ҳамаи тарафҳо манфиатдоранд, ки Афғонистон ором бошад ва ба амнияти ҳамсояҳои худу ба амнияти ҷаҳонӣ таҳдид накунад. Вай дар бораи ҳалли мушкил меафзояд:

"Ба фикрам, дар таърихи асри нуздаҳ намунаи хубе мавҷуд аст, ки ба қудрат расидани Абдураҳмонхон мебошад. Вақте ду нирӯи бузург русия ва Британия диданд, ки наметавонанд, афғонистонро ба тарви комил таҳти идораи худ дошта бошанд, онҳо тасмим гирифтанд, ки дар ин ҷо як ҳукумати устувор ва босуботи марказӣ ба миён омада, дар миёни манфиатҳои ду тараф нақши минтақаи бетарафро бозад. Онҳо ба ин даст ёфтанд. Абдураҳмонхон давлати ором ва мӯътадили Афғонистонро бунёд кард, аммо дар заминаи кӯмакҳои васеъи молиявӣ, иқтисодӣ ва таъминотии нирӯҳои беруна."

Доктор Расулӣ-Палечек бар ин аст, ки ҳоло бояд кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Эрон, Покистон, Русия ва давлатҳои Осиёи марказӣ аз манфиатталабӣ дар Афғонистон дур карда шаванд, зеро густариши кӯшишҳои онҳо ба шиддати вазъият дар Афғонистон ва пиромуни он меафзояд. Вай мегӯяд, беҳтар аст, на кишварҳои ҷудогона, балки Созмони Милал дар ташкили ҳукумати нави Афғонистон нақши ҳалкунанда бозад ва дар ин роҳ аз подшҳои собиқ Зоҳиршоҳ ба ҳайси рамзи ваҳдати миллӣ истифода ба амал ояд. Дар ҳамин ҳол матбуоти Русия мегӯяд, подшоҳи собиқ метавонад, рамзи ваҳдат бошад, аммо на сарвари ҳукумати нави Афғонистон. Аммо ончӣ шояд бештар мавриди ташвиши таҳлилгарони сиёсӣ аст, ки даъвогарони манфиатҳои миллӣ дар Афғонистон зиёданд ва то рафт афзойиш меёбанд. Аз ҷумла дар илова ба Покистон, Эрон, Иёлоти Муттаҳида, давлатҳи Осиёи Марказӣ, Русия ва Ҳиндустон Чин гуфтаниҳое дорад, вале сабур аст ва давлатҳои араб ояндаи Афғонистонро дар як сукути амиқ бо худ баррасӣ мекунанд. Ва савол ин аст, ки чаро Афғонистон бояд манфиатҳои миллии ҳамаи ин кишварҳоро, ки гоҳо мухолифи ҳамдигаранд, ба эътибор гирад ва оё манфиатҳои миллии худи Афғонистон дар ин тарозу бояд чӣ вазне дошта бошанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи манбаъҳои расмии Русия то ташкили ҳукумати нави Афғонистон се ҳафтаи дигар мондааст, ин саволҳои муҳим, ки метавонанд усулу меъёри ташкили давлати мазкур бошанд, беҷавобанд

XS
SM
MD
LG