Пайвандҳои дастрасӣ

Дар натиҷаи задухӯрдҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон як нафар марзбони Русия кушта шуд



Масрури Назрӣ

Марзбонони Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, шаби чоршанбе байни онҳо ва қочоқчиён дар сарҳад бо Афғонистон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа як марзбони Русия ва шаш нафар наркокурер ба ҳалокат расид.

Марзбонони Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, шаби чоршанбе байни онҳо ва қочоқчиён дар сарҳад бо Афғонистон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа як марзбони Русия ва шаш нафар наркокурер ба ҳалокат расид. Александр Маркин фармондеҳи нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, тирпарронӣ дар мавзеъи 230 километрии ҷануби Душанбе рух дод. Тоҷикистон имрӯз яке аз давлатҳои қашоқтарин дар байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ин кишварест, ки тавассути он қочоқи маводи мухаддира аз Афғонистон ба Русия ва сипас ба Аврупои ғарбӣ сурат мегирад. Тибқи созишномаи Маскав ва Душанбе аз соли 1992 ба инҷониб сарҳади 1200 километраи Тоҷикистону Афғонистонро 11 ҳазор сарбози Русия посбонӣ мекунанд. Марзбонони Русия аз аввали имсол то кунун беш аз 5 тонна маводи мухаддираро мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG