Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуқуқи инсон набояд қурбони ҳамкориҳои зиддитеррористӣ шавад, мегӯянд созмонҳои дидбон



Салими Аюбзод

Созмонҳои ҳуқуқи башар -- Афви Байнулмилал ва Ҳюман Райтс Увотч аз Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Ғарб тақозо доранд, ки ҳимояи ҳуқуқи инсонро қурбони ҳамкориҳои сиёсӣ ва низомӣ нанамуда, ин ҳамкориро ба пешрафти демократии давлатҳои Осиёи Марказӣ равона кунанд.



Созмонҳои Афви Байнулмилал ва Ҳюман Райтс Увотч изҳори ташвиш мекунанд, ки наздикии ахири кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳида ва эътилофи ҷаҳонии зидди террор ва ҳамкории онҳо дар ин ҷанг метавонад ба поймолшавии густардатари ҳуқуқи инсон дар дохили ин давлатҳо сабаб гардад. Том Малиновски, мудири ваколатии Ҳюман райтс Увотч дар Вашингтон мегӯяд, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида дар муборизаи зидди террорисм бо Ӯзбакистон шарик мешавад, набояд бо сиёсати бераҳмонаи Ӯзбакистон нисбати шаҳрвандонаш низ шарик гардад. Вай меафзояд, президент Буш гуфт, ҷанг бо террорисм набояд ба ҷанг бо ислом мубаддал шавад, аммо ҳукумати Ӯзбакистон, амалан бо исломе ки таҳти назораташ нест, дар ҳоли ҷанг мебошад. Афви Байнулмилал, ниҳоди дигари дидбони ҳуқуқи инсон, гузориши ахири худро чунин унвон кардааст, ки набояд вазъияти феълӣ бойиси бахшойиши зӯроварӣ дар риштаи ҳуқуқи инсон гардад. Дар ин гузориш Афви Байнулмилал пасманзари вазъи ҳуқуқи инсонро дар водии Фарғона ва куллияи Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва вилояти Шинҷону Уйғури Чин дар чанд соли охир тасивр намуда, изҳори нигаронӣ мекунад, ки акнун ин вазъ метавонад ба таври ҷиддӣ бадтар шавад. Аз Ҷюдитс Аренас, масъули умури Осиё дар Созмони Афви Байнулмилал пурсидам, чаро гузориши нав маҳз дар ин рӯзҳо нашр шуд, дар ҳоле ки далелҳои тоза ба даст наовардааст. Вай гуфт: "Фикр мекунам, гузориши нав намунаҳоеро гирд овардааст, ки Афви байнулмилал тайи солҳои охир ба қайд гирифт, аммо сабаби асоси нигаронӣ эъломияи президент Каримов аз рӯзи нуҳӯми октябр аст, ва он заруратеро пеш овард, ки таваҷҷӯҳи ҷаҳон бояд ба ин масъала ҷалб карда шавад." Ҷюдитс Аренас зикр мекунад, ки нуктаҳои нутқи Президент Каримов дар гузориш оварда шудаанд, ки мегӯяд, бояд ҳама гуна андешаҳои бад, паҳн кардани шабномаҳо, таблиғи одамон ва даъвати онҳо ба намозу диндорӣ, даъвати занону духтарон ба ҳиҷобу либоси исломӣ бояд ҳамчун кӯмак ба аъмоли террористӣ баҳодиҳӣ шавад ва ҷазо дошта бошад. Афви байнулмилал дар гузориши нави худ даҳҳо ҳодисаро меорад, ки шаҳрвандони Ӯзбакистон танҳо бо ҷурми намоз дар масҷидҳои берун аз назорати давлат ба маҳбас афканда мешаванд. Баъди таркишҳои соли 1999 наздики бист нафар, ба ҷумлаи ду бародари раҳбари ҳизби демократии кишвар ба муддатҳои аз ҳашт то 15 сол зиндонӣ шуданд. Баъди рӯйдодҳои Узун ва Сурхондарё, яъне ҳамлаи ҳаракати исломии Ӯзбакистон ҳазорон нафар аз аҳолии тоҷики ин манотиқ ба ҷойҳои дигар кӯчонида шуда, шуморе аз онҳо мавриди латукӯб қарор доштанд ва 73 нафар таҳти шиканҷаҳои боварнакарданӣ худро гунаҳкор номида, ба мӯҳлатҳои дароз аз озодӣ маҳрум гаштанд. Дар Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳҳо нафар ба ҷурми узвият дар Ҳизби таҳрир боздошт ва зиндонӣ гаштанд. Пажӯҳиши ҷиноӣ бар зидди онҳо ва муҳокимаҳои додгоҳ бо қонуншиканиҳои зиёд ҷараён гирифтанд ва аксари маҳбусон аз хидмати вакили дифоӣ маҳрум буданд. Поймол шудани ҳуқуқи мусулмонҳои Шинҷону Уйғури Чинро низ ин бор Афви Байнулмилал дар гузориши марбути Осиёи Марказӣ ҷой дода, мегӯяд, аз соли 1997 ба ин тараф дар ин ҷо чандин ҳазор уйғур бо айбномаи ҷудоихоҳӣ ва бунёдгаройии исломӣ маҳбус гардид. Дар ҳоле ки Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ узви созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошанд, дар назди ҳамдигар ӯҳдадор шудаанд, ки фишори худро ба исломиён ва ҷудойихоҳон қувват хоҳанд дод. Баҳори имсол Қирғизистон ду уйғури шаҳрванди Чинро ба қатл маҳкум намуд. Қазоқистон се уйғурро боздошта ба Чин супурд. Дар ҷараёни ҳамаи ин амалҳо давлатҳои минтақа таҳти танқид ва фишори Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб кӯшиш мекарданд, зӯровариҳои худро дар як чаҳорчӯби нисбатан мӯътадил нигоҳ доранд. Акнун дар шаройити нав маълум нест, вазъият чигуна хоҳад шуд. Як мушкили ҷиддии дигар ба омадани паноҳандагони афғон ба ин кишварҳо бастагӣ дорад. Тоҷикистон тайи ду соли гузашта қарорҳои зӯроваронае қабул кард, ки бояд паноҳандаҳои афғон на дар шаҳрҳои марказӣ, балки дар манотиқи дурдаст зиндагӣ кунанд. 12 ҳазор паноҳандаи афғон дар ҷазираҳои рӯдхонаи Панҷ пойбанд мондаанд ва Тоҷикистон бо вуҷуди дархостҳои байнулмилалӣ онҳоро қабул накард. Қазоқистон паноҳандаҳои афғон ва шаҳрвандони Тоҷикистону Қиирғизистоно боздошт карда, ба кишварҳояшон бозпас мефиристад. Намояндагони ҳукуматҳои Осиёи марказӣ мегӯянд, ҳадафи кӯшишҳои онҳо таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирӣ аз аъмоли террористӣ мебошад. Аммо Ҷюдитс Аренас, корманди Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд: "Ҳимоят аз террорисм ва ҳуқуқи инсон метавонанд дастобадаст, паҳлуи ҳам пеш бурда шаванд. Ҳимояти қонун ва аҳолӣ бояд мақсади асосӣ бошад ва ҳукуматҳо дар ин бора ба таври рӯшан баёния додаанд. Чунончи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон. Аммо бояд қадаме пештар гузошт ва ҳуқуқи аслии, бидуни истисно, ҳамаи шаҳрвандонро эҳтиром кард."

Дар ҳамин ҳол Созмони Ҳюман Райтс Увотч як пасманзари вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба унвони ҳукумати Иёлоти Муттаҳида фиристода, дар он интихоботҳои кишварро ноодилона, матбуотро таҳти назорат номида аз ҳабсҳо бар асоси фаъолиятҳои динӣ ва худсарии нирӯҳои амниятӣ изҳори ташвиш кард.

XS
SM
MD
LG