Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Америка гузаргоҳи ҳавоӣ ва пойгоҳҳои ҳарбӣ медиҳад



Тоҳири Сафар

Рӯзи сешанбе як ҳайъати ҳарбии Иёлоти Муттаҳида вориди Тоҷикистон шуд, то вазъу ҳолати пойгоҳҳои ҳавоӣ ва имконияти истифодаи онҳоро дар амалиёти зидди марказҳои террористӣ дар Афғонистон баррасӣ кунад.



Тоҷикистон розӣ шудааст, ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои низомии худро зимни идомаи амалиёти зиддитерористии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Толибон дар Афғонистон ба ихтиёри Иёлоти Муттаҳида диҳад. Дар ин бора Муниё Сузуки намояндаи вижаи сарвазири Ҷопон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба думболи мулоқоте, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 8-уми октябр дошт, ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ҷаноби Сузуки меафзояд, дар ҷараёни мулоқот президенти Тоҷикистон мушаххас гуфтааст, кишвараш иҷоза медиҳад нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида бо истифода аз ҳудуди Тоҷикистон ба пойгоҳҳои терорристӣ дар Афғонистон зарба зананд. Ин мақоми баландпояи Ҷопон аз ҳузури низомиёни Иёлоти Муттаҳида ва дар қаламрави Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ кард. Вале афзуд, ахиран чанд коршиноси ҳарбии Иёлоти Муттаҳида ба манзури омӯзиши вазъи фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд. Аммо дар иттилоияи дафтари матбуоти вазорати хориҷии Тоҷикистон оид ба натиҷаи мулоқоти президент Раҳмонов бо Муниё Сузуки гуфта мешавад, ки онҳо дар ҳамаи масоили мавриди баҳс мувофиқат ҳосил намудаанд. Ба гуфтаи намояндаи нахуствазири Ҷопон, Тоҷикистон ҳамчунин ваъда додааст, ки дар сурати ҷониби хоки кишвар сарозер шудани паноҳандагони афғон тибқи созишномаҳои байналмилалӣ ва конвенцияи Созмони Милал дар умури паноҳандагон амал хоҳад кард. Намояндагони мақомоти қудратии кишвар ҳуҷуми Иёлоти Муттаҳидаро болои Толибон пуштибонӣ мекунанд. Шералӣ Хайруллоев вазири дифои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи Толибон аст, ки Афғонистон мавриди бомбаборон қарор гирифтааст, зеро чандин ултиматумҳои Иёлоти Муттаҳидаро ин ҷунбиши ифротгарро сарфи назар кардааст.

XS
SM
MD
LG