Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми президенти Иёлоти Муттаҳида аз шурӯъи ҳамла ба мавқеъҳои Бен Лодин ва Толибон дар Афғонистон



Бахши тоҷикии радиои "Озодӣ"

Бегоҳии рӯзи якшанбе президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш ба мардуми Амрико муроҷиат карда гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Британия ҳамлаҳои худро ба мавқеъҳои Бен Лодин ва Толибони Афғонистон оғоз карданд. Вай гуфт, ин ҳамлаҳо ба зидди террористонанд, на бар зидди мардуми Афғонистон.



Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш, бегоҳии рӯзи якшанбе бо як паёме ба мардумаш муроҷиат карда, аз оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Афғонистон хабар дод. Ӯ паёмашро бо чунин суханон сар кард: "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаҳои худро ба зидди урдугоҳҳои таълимотии гурӯҳи террористии "Ал-Қоида" ва марказҳои низомии режими толибон дар Афғонистон шурӯъ карданд.Манзур аз ин амалиё, ки ҳадафашон бо диққат муайян шудаанд,қатъи истифода аз Афғонистон ҳамчун пойгоҳҳои террористӣ ва ҳамла ба қудрати ҳарбии режими толибон аст. Дар ин амалиёт дӯсти наздики мо Британияи Кабир бо мо ҳамроҳ ҳаст. Дӯстони дигари наздики мо аз ҷумла Австралия,Олмон ва Фаронса ҳам дар рафти амалиёт нирӯҳо ва кӯмаки худро пешниҳод карданд."Президенти Амрико суханашро идома дода гуфт, ки беш аз 40кишвари Ховари Миёна,Африқо ва Осиё гузаргоҳҳои ҳавоӣ ва иҷозаи истифода аз фурӯдгоҳҳои худро додаанд. Ва бисёре аз кишварҳои дигар маълумоти кашфиётӣ-истихборотии худро ба Амрико дар миён гузоштаанд. Иродаи муштараки сар то сари ҷаҳон гуфт Буш, моро ҳимоят мекунад. Баъдан ӯ аз талабҳои дар пеши толибон гузоштаи худ ёдрас шуда афзуд: "Беш аз ду ҳафта ман хитоб ба раҳбарони толибон, чандин бор талабҳои ошкор ва мушаххаси худро матраҳ кардаму гуфтам, урдугоҳҳои таълимотии террористиро бандед,роҳбарони шабакаи "Ал-Қоида"-ро таслмим кунед ва ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва аз ҷумла шаҳрвандони амеркоиро, ки ноҳақ дар кишвари шумо боздошт шудаанд,озод кунед. Ҳеҷ кадоме аз ин талабҳо иҷро нашуд ва ҳоло толибон баҳои инро бояд пардозанд." Ботахриби урдугоҳҳо ва қатъи алоқа, мо кори шабакаҳои террорро дар роҳи таълими афроди ҷадид, ба ҳамоҳанг кардани аъмоли палидашон мушкилтар хоҳем кард, гуфт Буш дар муроҷиатномаи худ. Ба гуфтаи Буш ,дар ибтидо шояд террористҳо дар ғорҳо ва дигар махфигоҳҳои худ пинҳон шаванд, вале амалиёти низомии мо бо иқдомҳои паиҳам,густарда ва пайгирона онҳоро берун кашида, ба дасти адолат супурдан аст гуфт ӯ. "Дар айни ҳол мардуми зулмдидаи Афғонистон шоҳиди саховати Амрико ва иттифоқчиёни мо хоҳад буд.Мо дар ҳоле ки ҳадафҳои низомиро мавриди ҳамла қарор медиҳем, ба мардон,занон ва кӯдакони гурусна ва ранҷдидаи Афғонистон хурокворию дорӯ хоҳем партофт. Иёлоти Муттаҳида дӯсти мардуми Афғонистон ва дӯсти қариб 1миллиард мардуми ҷаҳон, ки пайрави дини ислом мебошанд.Иёлоти Муттаҳида душмани касонес,ки ба террористҳо кӯмак мекунанд ва душмани он ҷинояткорони ваҳшиест, ки бо иқдоми ҷинояткорона ба номи як дин,ин дини бузургор лакадор мекунанд. Ин амалиёти ҳарбии мо бахше аз маъракаи мо ба зидди терроризм аст. Ин ҷабҳаи дигаре аз ҷангест, ки аллакай дар заминаҳои дипломатӣ,кашфиёт ва бо бастани ҳисобҳои молӣ ва боздошти террористҳои шинохта шуда аз тарафи кормандони тартиботи 38 кишвар сар шудааст."-чунин баён кард президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш дар охири муроҷиатномаи хеш ба мардуми Амрико. (Баргардони Аббоси Ҷаводӣ)

XS
SM
MD
LG