Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида дар Тошканд.Тарафҳо ба тафоҳум расиданд.



Холидаи Қодир

Вазири дифоъи Амрико Доналд Расмсфилд ва президенти Узбакистон Ислом Каримов ширкати Узбакистонро дар амалиёти Амрико зидди террор баррасӣ карданд. Узбакистон гуфт, пойгоҳашро танҳо барои кӯмаки башардӯстона ва амалиёти ҷустуҷӯиву наҷот дар ихтиёри Амрико хоҳад гузошт.

Вазири дифоъи Амрико Доналд Рамсфилд ва президенти Узбакистон Ислом Каримов дар Тошканд, ширкати Узбакистонро дар амалиёти Амрико зидди террор баррасӣ карданд. Каримов гӯфт: "Амрико метавонад як пойгоҳи ҳавоии Узбакистонро барои амалиёти худ дар Афғонистон истифода кунад. Вале ин пойгоҳ бояд танҳо ба мақсади башардӯстона ва барои амалиёти ҷустуҷӯиву наҷот истифода шавад." Каримов баъди мулоқоти нимсоата бо Рамсфилд ,барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир кард. Рамсфилд, ки баъди боздид аз Арабистони Саъудӣ,Уммон ва Миср ба Тошканд омада буд,баъди чанд соат ба Туркия меравад. Як мақоми амрикоӣ, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, қаблан гуфта буд ,ки ҳоло ҳудуди як ҳазор сарбози Иёлоти Муттаҳида дар роҳ ба сӯи Узбакситон ҳаст. Гуфта мешавад, ки ин нирӯҳо имрӯз ба Узбакистон мерасанд.



XS
SM
MD
LG