Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Буш ба мардуми Афғонистон 320 миллион доллар кӯмак ваъда кард



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш бо эълони кӯмакҳои нав ба мардуми Афғонистон дар ҳаҷми 320 миллион доллар гуфт, Америка бо режими Толибҳо шадидан мухолиф аст, вале дӯсти мардуми Афғонистон мебошад. Президент Буш гуфт, ин ҷанг миёни мазҳабҳо на, ҷанги некӣ бо бадист.

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш дар мулоқот бо кормандони Департаменти Давлатӣ бо қадрдонӣ аз пуштибонии байналмилалӣ аз эътилофи зидди террористӣ ваъда дод, ки Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак ба мардуми Афғонистон маблағи иловагии 320 миллон доллар ҷудо мекунад. Буш аз ҷумла гуфт: "Имрӯз ман ҳамроҳ бо Котиби давлатӣ эълон мекунам, ки Иёлоти Муттаҳида 320 миллион доллар кӯмаки идовагии башариро барои мардуми Афғонистон ҷудо намуд. Барои хӯроки бештар, барои дору ва имдод ба мардум Афғонистон ва онҳо битавонанд, зимистони дарпешистодаро аз сар гузаронанд. Ин роҳи мост, ки ҳамзамон бо ин ки мо бо режими Толибон шадидан мухолифат мекунем, дар айни ҳол дӯсти мардуми Афғонистон мебошем." Президент Буш дар идомаи суханрониаш афзуд, ки ин ҷанг байни мазҳабҳо, байни насронӣ, яҳудӣ ва ё мусалмонҳо нест. Балки ҷанг байни хубу бад аст. Ба гуфтаи президент Буш Ислом сулҳу амниятро таълим медиҳад ва ҳадаф муборизаи байналмилалӣ бар зидди терроризм аст.

XS
SM
MD
LG