Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида вуруди нирӯҳояшро ба Осиёи Марказӣ рад кард



Салими Аюбзод

Рӯзномаи Вашингтон Поуст бо такия ба маълумоти намояндаи Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида хабари рӯзи гузаштаи худро дар мавриди ба Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ворид шудани 1000 сарбози америкоӣ, ки низ аз ҳамин сарчашма гирифта буд, рад кард. Ин раддия ба ҷойи рӯшанӣ афкандан ба хабарҳо онҳоро печидатар намуд.

Сухангӯи Пентагон Виктория Кларк хабари рӯзномаи Вашингтон Поустро дар бобати ин ки беш аз як ҳазор нафар сарбоз аз фирқаи даҳуми кӯҳгарди артиши Иёлоти Муттаҳида ба Ӯзбакистон ва Тоҷикистон фиристода шудаанд, рад кард. Вай гуфт, манзураш аз номбар кардани шумора ва номи қисми ҳарбӣ зикри омодагии ниҳоии ин гурӯҳ буд барои интиқол ёфтан ба ду кишвари Осиёи Марказӣ. Аммо гурӯҳи мазкур ҳанӯз аз Иёлоти Муттаҳида берун нашудааст. Дар мавриди таззоди хабарҳое ки дар ду рӯзи гузашта Вашингтон Поуст чоп кард, коршиноси Бунёди пажӯҳишии Ҷеймстаун дар Вашингтон Владимир Сокор ба мо гуфт: "Мумкин аст онҳо дар аввал хато карданд, мумкин аст, ин маълумот дуруст нест ва ё мумкин ин маълумот дуруст аст, аммо нашри он хато буд. Дар Ҷанги Халиҷ масалан, пеш аз шурӯъи ҷанг онҳо хеле эҳтиёт мекарданд, ки маълумот берун наравад. Маълумот ба дараҷаи олӣ махфӣ ва ногаҳонӣ буд. Маълумот замоне нашр мешуд, ки амалиёт сар шавад." На танҳо дар Вашингтон Поуст, балки дар расонаҳои дигари хабарӣ низ ин маълумот нашр шуд. Хабаргузории Олмонии ДПА ҳатто барномаи корҳои ибтидоии гурӯҳҳои пешгоми Иёлоти Муттаҳидаро дар Ӯзбакистон нашр кард ва гуфт, даҳ рӯз шуд, ки ин мутахассисон дар фурудгоҳҳои Ӯзбакистон вазифа иҷро мекунанд. Даҳ рӯз пеш аввалин шуда хабаргузории Франс Пресс иттилоъ дода буд, ки аввалин ҳавопаймоҳои америкоӣ дар майдони Тузели понздаҳкилометрии Тошканд фуруд омаданд. Мақомоти Ӯзбакистон ин хабарҳоро рад карданд ва гуфтанд, танҳо дар ҳоли зарурати башарӣ ба нирӯҳои Иёлоти муттаҳида роҳи ҳавоӣ боз хоҳанд кард. Дар ҳоле ки ҳафтаи гузашта намояндагони Тоҷикистон ва аз ҷумла вазири дифоъи Тоҷикистон бо фиристодаи вижа ва ваколатдори Иёлоти муттаҳида гуфтушунидҳои тӯлонӣ доштанд, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ гуфт, ягон хел гуфтушунид сурат нагирифтааст. Мақомоти Русия дар ин байн чанд бор аз чанд мавқеъ ҳарф заданд. Дар ибтидо вазири дифоъи Русия Сергей Иванов гуфт, ҳатто хаёли ин ки ҳавопаймоҳои америкоӣ дар фурудгоҳҳои Осиёи марказӣ пойин хоҳанд шуд, ғайри мумкин аст. Баъд вазири умури хориҷии Русия гуфт, Осиёи марказӣ ба Иёлоти Муттаҳида кӯмак хоҳад кард. Як рӯз баъдаш генерали рус инро рад намуд ва дертар президент Путин тасдиқ. Ду хосияти хабарҳои мазкур ба мушоҳида расидааст. Аввалан баёнияҳои кӯмак ва радди онҳо ва маълумоти фурудойии ҳавопаймоҳову радди ин иттилоъ мисли мавҷи паси мавҷ ҳамдигарро иваз карданд, ки гумон меравад, чунин мадду ҷазр бо сабабе ба амал омад ва аз марказе идора шуд. Дуюм, аз ҳоло сар карда ҳамаи маълумот аз Осиёи Марказӣ ё ба таври ҳамешагӣ таззодомез хоҳад буд ва ё зери пардаи асрор пинҳон хоҳад монд. Таҳлилгар Сокор мегӯяд, то андозае ин вазъият метавонад, дар заминаи ҳассосияти Русия ба ҳузури ҳарбии Иёлоти Муттаҳида бастагӣ дошта бошад. Русия мехоҳад, ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Иёлоти Муттаҳида дар назорати он бошад, аммо меафзояд ҷаноби Сокор, Вашингтон ахиран ба Маскав гуфтааст, ки мехоҳад бо давлатҳои Осиёи Марказӣ бидуни миёнарав ҳамкорӣ кунад ва агар Русия ба ин розӣ набошад, дар канори ҷода хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG