Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нирӯҳои ҳарбии Иёлоти Муттаҳида ба Осиёи Марказӣ ворид шуданд



Вашингтон Поуст

Ба гуфтаи "Вашингтон Поуст" зиёда аз 1000 сарбози Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон фиристода шудаанд. Ба гуфтаи рӯзнома ин аввалин бор аст, ки чунин як воҳиди артиши Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад.

Тибқи хабари "Вашингтон Поуст", намояндагони вазорати дифоъи Амрико-Пентагон, бегоҳии рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфтанд, дивизияи 10уми кӯҳгарди Иёлоти Муттаҳида беш аз як ҳазор сарбозро ба Узбакистон ва Тоҷикистон фиристодаанд. Бо ин тартиб теъдоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Амрико, ки барои ҷанг бар зидди терроризм басеҷ шудаанд ба 30 ҳазор нафар расид. Ба гуфтаи Виктория Кларк сухангӯи Петагон, артиши Амрико дар ҳоли ҳозир 350 ҳазор ҳавопаймои ҳарбӣ, ду флоти ҳарбй-баҳрии ҳавопаймобар ва як воҳиди размандогони баҳриро дар минтақаи васеъи байни Халиҷи Форс, Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Осиёи Ҷанубӣ ба ҷанги зидди террор тахсис додааст. Барои таъмини харҷи ин омодагириҳо, Пентегон аз буҷети 8миллиард долларӣ, ки идораи буҷети Қасри Сафед дар ҷавоб ба ҳамлаҳои террористии 11 сентябр ҷудо кард, аллакай 4 миллиарду 250 миллион доллар дарёфт намудааст. Хонум Кларк ин маълумотро чанд соат қабл аз ҳаракати вазири дифоъ Доналд Рамсфелд ба Ховари миёна ва Осиёи Марказӣ ба хабарнигорон дод. Вазири дифоъ бо дастури президент Ҷорҷ Буш ба сафари чаҳоррӯза ба Арабистони Саудӣ,Уммон, Миср,Узбакистон ва дигар кишварҳои минтақа рафта, то ба раҳбарони низомӣ ва дифоъии ин кишварҳо мавзӯъи амалиёти эҳтимолии ҳарбии ояндаро музокира намояд. Кларк гуфт, мо албатта аз пуштибонӣ ва ҳамкории кишварҳои ҷаҳон хурсандем ва мехоҳем таъкид кунем, ки ба кишварҳои минтақа бисёр аҳамият медиҳем. Як намояндаи артиши Амрико гуфт, бо мустақаршавии беш аз 1000 сарбози дивизияи 10 уми кӯҳгард, барои аввалин бор як воҳиди муқаррарии артиши Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои Собиқ Шуравӣ фиристода шуд. Ин дар айни ҳол аввалин бор аст, ки на воҳидҳои хурди нирӯҳои махсус ва зудамал,балки як воҳиди муқаррарии артиш ба ҷанг бар зидди терроризм эъзом мешавад. Як теъдоди маҳдуди нирӯҳои махсуси Амрико аллакай дар гирду атрофи Афғонистон ва аз мавзеъҳои худ дар Узбакистон ва Тоҷикистон амал мекунад, аммо гуфта мешавад кори аслии онҳо ҳамкорӣ бо нирӯҳои Иттиҳоди Шимол ва ё Давлати Исломии Афғонистон ва баррасии вазъу ниёзмандиҳои онҳост. Ба гуфтаи намояндаи артиши Амрико, нирӯҳои якҳазор нафараи эъзом шуда, дар Осиёи Марказӣ ду вазифаи аслӣ хоҳанд дошт. Аввалан онҳо нирӯҳои ҳавоии Амрико ва воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро аз замин пуштибонӣ хоҳанд кард ва сониян онҳо дар ҳоли омодабош буда, ҳар ҷо ки нирӯҳои махсус ва зудамали Амрико дучори мушкилот шаванд ба кумаки онҳо хоҳанд шитофт.Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ин нирӯҳо баъд аз 6 моҳ ба Амрико бармегарданд ва чун ҷанг бар зидди терроризм маъракаи бардавом ва дарозмуддат аст, ҷои онҳоро нирӯҳои тозанафас хоҳанд гирифт.Ба ғайр аз нирӯҳои 10 уми кӯҳгард, нирӯҳои зудамали ҳарбӣ-баҳрӣ, ки пойгоҳҳои ҷангиро омода мекунанд, дар уқёнуси Ҳинд ва Халиҷи Форс мустақар ҳастанд. Ин нирӯҳо ҳар лаҳза метавонанд аз тариқи ҳаво ва ё баҳр вориди амалиёти ҳарбӣ шаванд. (Бозгардони Аббоси Ҷаводӣ)

XS
SM
MD
LG