Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луя Ҷирга ва мафҳуми он



Салими Аюбзод

Мардум Афғонистон дар Луя Ҷиргаҳои худ умдатарин мушкилоташро ҳал кардааст.Намояндагони Иттиҳоди Шимол ва подшоҳи собиқи Афғонистон мегӯянд, мушкили кишвари худро дар Луя Ҷирга, яъне анҷумани бузурги Афғонистон ҳал хоҳанд кард. Оё ин чӣ сохтор аст ва чӣ таърих дорад?



Луя Ҷирга, дар баргардон аз забони пашту маънии "маҷлиси бузург"ро дорад. Луя бузург ва ҷирга ба маънии маҷлис. Ин як анҷуманест, ки саромадони кишвар, пешвоёни қабилаҳо, раҳбарони динӣ ва сиёсиро ҷамъ оварда, ҳалли масъалаҳои умдаи Афғонистонро чи дар замони ҷанг ва чи дар давраи осоишта таъмин мекунад. Он аз таърихи тоисломии кишвар ва ҳамчунин давраи исломӣ, ба вижа анъанаи шӯро, сарчашма гирифта, ҳалли масъалаҳои гуногунро, аз ихтилофи миёни ду қабила то қабули қонуни асосии мамлакат, анҷом дода, ҳукумати муваққатӣ ва ё раҳбари кишварро муайян кардааст. Ин анҷумани умумимиллӣ метавонад аз як рӯз то чанд моҳ, вобаста ба ҳалли масъалаҳо, идома ёбад, барои ҳалли масъалаҳо мӯҳлати муайян пешбинӣ нагаштааст ва аммо қарори он барои аҳли кишвар ҳукми қонунро мегирад. Аввалин Луя Ҷиргаи замони муосир дар Афғонистон соли 1709 баргузор шудааст, дар замоне ки ин минтақа аз зери ҳукумати Сафавиёни Эрон берун афтод ва аввалин қадамро ба самти истиқлолият бардошт. Тайи солҳои ҳазору ҳаштсадум ҷиргаҳо масъалаҳоеро монанди эълони ҷанг ва таъйини раҳбари нави мамлакат баррасӣ карданд. Соли 1924, амир Амонуллохон дар Кобул ҷиргаеро ҷамъ овард, ки 12 рӯз идома дошт ва дар он аввалин конститутсияи Афғонистон таҳия гашт. Соли 1928 анҷумани бузург барномаи ислоҳот ва таъйини ҳуқуқи занро матраҳ намуд. Ҷиргае ки дар авҷи Ҷанги ҷаҳонии дуюм гирд омад, қарор кард, Афғонистон бояд ба ягон тарафи ҷанг ҳамроҳ нашавад ва бетараф боқӣ бимонад. Аммо на ҳамаи қарорҳои Луя Ҷиргаҳои Афғонистон мавриди эҳтиром ва иҷро қарор ёфтаанд. Чунончи дар солҳои ишғолгарии шӯравӣ якчанд бор Луя Ҷиргаҳо ҷамъ омада, ҳукуматҳои мавҷударо эътироф ва мухолифони онро ба халъи силоҳ даъват карданд, аммо ягон қарори онҳо иҷро нашуданд. Ба ақидаи таҳлилгари ФрансПресс Стефан Смитс, дар шаройити феълии Афғонистон низ Луя Ҷирга бо баъзе мушкилот рӯбарӯ буда метавонад. Аввалан, Луя Ҷиргаҳое, ки ҳамчун кӯшиши таҳмилии бегонаҳо ба назар мерасанд, аз тарафи мардум эътироф намешаванд. Бо назардошти тадоруки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба барканории Толибҳо, чунин анҷуман метавонад ҳамчун ҳамли бегонагон тафсир шавад. Дуюм, меафзояд Смитс, мушкилоти таъминотӣ дар миён аст. Иштироккунандагони Луя Ҷирга бояд аз тамоми мардуми 30 вилояти Афғонистон, ба шумули гӯшаву канори онҳо намояндагӣ кунанд. Саёҳати онҳо аз он канораҳо ба марказ мушкил ва ҳатто ғайримумкин буда метавонад. Дар баъзе манотиқ мумкин аст, дар мавриди он ки намояндаи қонунӣ кист, баҳсҳо ба миён ояд. Ва ҳам куллан, ҳар гурӯҳи миллии Афғонистон барои намояндагии мутаносиб дар анҷуман ҷадал хоҳад кард. Масалан, ҳазораҳои Афғонистон мегӯянд, онҳо, ба шумули паноҳандагонашон дар Эрон, аз 15 то 20 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Дигар гурӯҳҳо ҳазораҳоро ҳамагӣ 10 дарсад мешуморанд ва азбаски ҳеҷ гуна саршумории расмӣ вуҷуд надорад, на ба ин савол ва на ба саволи инки ҳаҷми аҳолии паштун, тоҷик, ҳазора, ӯзбак, туркман ва ғайра чӣ қадар аст, посухи дақиқ додан номумкин мебошад. Ба ғайр аз ин миллионҳо нафар дар берун аз Афғонистон ба сар мебаранд, ки дар байни онҳо уламо ва донишмандони машҳур зиёданд. Муайян кардани миқдори намояндагони қавми кӯчӣ мушкил аст, ки фаслҳои гуногун дар ин ё он сӯи марзи Покистон зиндагӣ мекунанд. Тақсими ваколатҳои қавми паштун дар Луя Ҷирга мушкили дигар аст. Зеро қавми паштун худ ба як силсила қабилаҳо тақсим аст, ки низ дар ду тарафи марзи Покистону Афғонистон ба сар мебаранд. Таври маълум қисми ағлаби онҳо аз Толибҳо пуштибонӣ мекунад ва мумкин аст ба барканории онҳо мухолиф бошад. Гузашта аз ин Луя Ҷиргае, ки сарнавишти кишвари бист сол боз гирифтори ҷанг ва мувоҷеҳ ба ҳазорон мушкил тобу тавони дарозмуддатро талаб мекунад, ки гумон аст, шоҳи 86-солаи собиқ онро дошта бошад. Ва тарафҳои мухталиф зарурат ба ин хоҳанд дошт, ки хуну ашки дар мобайн рехтагшударо фаромӯш кунанд, ки низ осон нахоҳад буд.

XS
SM
MD
LG