Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Шимол ва шоҳи собиқи Афғонистон бо ҳам мувофиқат карданд



Гулбаҳори Муродӣ

Дар миёни подшоҳи собиқи Афғонистон Зоҳиршоҳ ва Иттиҳоди Шимол, барои ташкили як сохторе созиш ҳосил шуд, ки тавонад мушкилоти Афғонистонро баъди браканории ҳокимияти Толибон ҳал кунад.

Дар шаҳри Рум пойтахти Италия мулоқоти подшоҳи собиқи Афғонистон Зоҳиршоҳ ва Иттиҳоди Шимол анҷом ёфт. Дар эъломияи муштараке, ки ҷонибҳо нашр карданд гуфта мешавад, барои интихоби ҳукумати нави Афғонистон Шӯрои Ваҳдати Миллии Афғонистон таъсис дода мешавад.

Намояндаи шоҳи собиқи Афғонистон Саттор Сират дар изҳороти худ гуфт, ки ду ҳайат дар ташкили Шӯро комилан мувофиқ буда ва ҳеҷ гуна ихтилофи назаре мавҷуд нест ва дарвозаҳои Шӯро барои иштироки соири тарафҳои афғонӣ ба ин кори сулҳомез ва одилона боз аст. Шӯрои Олии Ваҳдати Миллии Афғонистон дар тайи ду ҳафта дар Рум доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG