Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳлилгарони Ғарб нақши Ӯзбакистонро дар зарбаҳо ба Афғонистон "калидӣ" меноманд



Салими Аюбзод

Намояндагони расмии Ӯзбакистон хабарҳоро дар бораи ин ки гӯё ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави ин кишвари Осиёи Марказӣ фуруд омадаанд, тасдиқ намекунанд. Аммо дар айни ҳол рад ҳам намекунанд ва амалдорони ҳукумат асосан мегӯянд, ки дар ин бора маълумот надоранд.



Тибқи хабарҳо ҳавопаймоҳои ҳарбии Ҳеркулеси америкоӣ зиёда аз 200 афсари вазорати дифоъ ва як қатор таҷҳизоти пайгашту назорати ҳавоиро ба Тошканд расондаанд. Ба гуфтаи ҳамин хабаргузориҳо ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи ҳарбии Тузел, понздаҳкилометрии Тошканд, пойин шудаанд, ки соли 1979 сохта шуда, аз он вақт то соли 1988 ба сифати пойгоҳи асосии ҳавоии Иттиҳоди шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон истифода шудааст. Ин калонтарин фурудгоҳи ҳарбии минтақа мебошад ва дар як вақт метавонад, 20 ҳазор хидматчии ҳарбиро дар худ гунҷонад. Таҳлилгарони ҳарбӣ мегӯянд, омадани ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида ба Ӯзбакистон аз он паём медиҳад, ки ҳукумати президент Каримов дар амал таваҷҷӯҳи худро ба ҳамкории наздик бо Вашингтон нишон дода, вазъиятро барои таҳкими мавқеъи худ дар Осиёи Марказӣ истифода бурданист. Коршиноси Маркази пажӯҳишҳои стратегии Фаронса, профессор Оливер Руа мегӯяд, чунин ҳамкорӣ, бешубҳа, ба манфиати Ӯзбакистон мебошад. Вай мафзояд: "Ӯзбакистон ба Иёлоти Муттаҳида аз пеш таваҷҷӯҳи махсус дошт. Робитаҳои он бо Исроил олиҷанобанд, аммо кишварҳои Араб ба он тақрибан таъсире надоранд. Иштироки Ӯзбакистон дар иттиҳоди зидди террорисм, робитаҳои Тошкандро бо Вашингтон густариш дода, онро аз танқидҳои ҳуқуқи башар раҳо мекунад ва нуфузи Русияро бар Ӯзбакистон бо повазни Иёлоти Муттаҳида ба мувозинат меорад. Ҳарчанд Ӯзбакистон вақтҳои охир, дубора бо Русия наздик шуд, аммо ҳамеша аз он дар хавотир аст. Аммо дар айни замон раҳбарияти Ӯзбакистон хеле боэҳтиёт аст ва кӯшиш ба ин дорад, ки ҳамчун хатти пеши ҷабҳаи нав муаррифӣ нашавад. Аз ин рӯ метавон тахмин зад, ки Ӯзбакистон ба Иёлоти Муттаҳида пойгоҳу гузаргоҳҳо медиҳад, вале сарбозони худро ба ҷанг намефиристад."

Ҳам профессор Оливер Руа ва ҳам таҳлилгарони дигар мегӯянд, ду нирӯи воқеъ дар Афғонистон ҳамчунин аз омилҳое мебошанд, ки Тошканд бо назардошти онҳо вориди бозӣ мешавад. Яке аз онҳо Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аст, ки сарнагунии ҳукумати Каримовро орзу дорад ва дигаре нирӯҳои генерал Дӯстум, ки дар гузашта аз кӯмакҳои низомии Тошканд бархӯрдор будаанд. Бо оғози ҳамкории наздики ҳарбӣ бо Иёлоти Муттаҳида Тошканд аз як сӯ эҳтимолан маҳви пурраи ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва аз сӯи дигар мусойидатро ба пешрафтҳои генерал Дӯстум ва ҳузури ӯро дар барномаҳои ояндаи Афғонистон дархост хоҳанд кард. Ба ақидаи Тошканд тарафдорони генерал Дӯстум метавонанд дар ҷамъоварии маълумоти ҳассос ва пешбурди амалиёти заминӣ бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ кунанд. Хабарҳои охирин ҳамчунин аз ду масъалаи дигар шаҳодат медиҳанд. Якум, рӯ ба Ӯзбакистон ва ё дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ овардани Иёлоти Муттаҳида баёнгари ин аст, ки на ҳама корҳо дар Покистон ба дилхоҳи Вашингтон пеш мераванд. Намойиши тундравони исломӣ дар шаҳрҳои бузурги Покистон метавонад ин ҳаросро ба вуҷуд оварад, ки бар зидди ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида дар ин кишвар сӯйиқасдҳое сурат хоҳанд гирифт. Исломобод мегӯяд, барои нирӯҳои Америка дар манотиқе пойгоҳ хоҳад дод, ки зиёд назаррас набошанд. Ба гуфтаи баъзе хабаргузориҳо ҳукумати ҳарбии Парвиз Мушарраф ин намоишҳоро ҳамчунин ба манфиати худ истифода мебарад, то нишон диҳад, ки ҳамкорияш бо Иёлоти Муттаҳида дар чӣ шаройити сангине ба амал меояд. Аз ин лиҳоз хабари "ҳавопаймоҳо дар Тошканд" барои Мушарраф хабари хуш буда наметавонад. Дуюм, кишвари дигаре ки мехоҳад аз ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида ҳадди аксари фойидаро ба даст орад, Русия аст, ки кӯшиш кард, давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо бо миёнаравии Маскав вориди ҳамкорӣ бо Вашингтон шаванд. Коршиноси ҳарбӣ дар Маскав Павел Фелгенҳауэр мегӯяд, Русия аз он дар ҳарос аст, ки бо ҳамин Иёлоти Муттаҳида пойгоҳҳои доимии худро дар Ӯзбакистон бунёд хоҳад кард ва ин таҳаввул нуфузи Маскавро дар минтақа ба таври ҷиддӣ коҳиш хоҳад дод. Ин таҳлилгар мегӯяд, президент Каримов бо Русия ва ҳамаи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ як бозии бисёр дурандешонаро пеш мебарад ва пуштибонии ӯ аз Иёлоти Муттаҳида дасти ӯро дар ин бозӣ нирӯи бештар мебахшад. Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони дигар бо ишора ба норозигии бахше аз сокинони Ӯзбакистон ва изҳори нигаронии бахши дигар дар мавриди кӯмаки Тошканд ба Иёлоти Муттаҳида, мегӯянд, баъди онки Иёлоти Муттаҳида ба Толибҳо зарба мезанад ва аз минтақа меравад, Ӯзбакистон маҷбур мешавад, азияти хусумати толибҳо ва ё афғонҳоро ба танҳоӣ бикашад. Ва ҳам дар сурати густариши саҳнаи даргириҳо, мегӯянд шаҳрвандон, кофист, ки як оташак ба анбори борути Фарғона биафтад ва ҳамаи минтақаро дар сӯхтори бузург нобуд кунад. Баъзе шаҳрвандони дигар мегӯянд, дақиқан намедонанд, ки ҳукумати онҳо то куҷо имкони интихоб дошт, зеро вазъияти нави ҷаҳон ва даъвати президент Буш, ки ҳар кишвар бояд бигӯяд бо мост ва ё бо террористҳо, барои чунин интихоб ҷойи зиёде намегузорад.

XS
SM
MD
LG