Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент Раҳмонов бо вакили вижаи Иёлоти Муттаҳида ҳамкориҳоро дар ҷанги зидди террорисм баррасӣ кард



Мирзонабии Холиқзод

Вакили ИМА Ҷеймс Баунер паёми президент Бушро ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов расонд. Паём дар мавриди ҳамкориҳо дар доираи эътилофи байнулмилалии зидди террорисм.



Дар Душанбе, рӯзи чоршанбе мулоқоти райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо вакили мӯътамади Иёлоти Муттаҳида дар умури Тоҷикистон Ҷеймс Баунер баргузор шуд, ки дар он вазъяити байнулмилал пас ҳамлаҳои террористӣ дар Ню-Йорк ва Вашингтон ва ҳамчунин самтҳои ҳамкории ду тараф дар муборизаи зидди террорисм баррасӣ гардид. Дар ҳамин рӯз фиристодаи Иёлоти Муттаҳида бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров низ дидору гуфтушунид дошт. Баъди ин вохӯриҳо президент Раҳмонов сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешковро ба ҳузур пазируфт. ИТАРТАСС мегӯяд, ду ҷониб ҳамоҳангии фаъолиятҳои минбаъдаи худро дар вазъияти мавҷуда мавриди гуфтугӯ қарор доданд. Ҳамаи ин диду боздидҳо дар паси дарҳои баста сурат гирифта, ҳеҷ яке аз ширкаткунандагони сӯҳбатҳо дар бораи мӯҳтавои онҳо ба пурсиши хабарнигорон посух надод.

XS
SM
MD
LG