Пайвандҳои дастрасӣ

Америка ё Толибон? Покистон ҳардуро мехоҳад



Салими Аюбзод

Ваъдаи раҳбари ҳарбии Покистон, генерал Мушарраф, дар мавриди ҳамкории густардаи кишвараш бо Иёлоти Муттаҳида дар муборизаи зидди террорисм, бо вуҷуди инки ҳанӯз ҷузъиёти мушаххаси он эълон нашудааст, дар дохили Покистон бойиси норозигиҳо гардида, ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон метавонад, вазъи ҳассоси сиёсии ин кишварро вориди як бӯҳрони шадид кунад.

Ба навиштаи матбуоти Ғарб ваъдаи Мушарраф на танҳо дар ҷомеъаи покистонӣ, ба вижа дар миёни ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва рӯҳониён, балки дар худи ҳукумати ҳарбӣ нигаронӣ ба бор овардааст. Нашрияҳо менависанд, баъзе дойираҳои ҳарбии Покистон дар парвариш ва пуштибонии толибҳо иштироки ҳарҷониба доранд ва барои онҳо осон нахоҳад буд, ки саркӯбии ин дастпарварди худро таҳаммул кунанд. Аммо таҳлилгари умури минтақа Афросиёби Хаттак дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳолати ҳассос ягонагии тасмимгириҳоро талаб мекунад ва ба назар мерасад, дар Покистон ин зарурат дарк мешавад. Дар ҳоле ки Исломобод мӯҳтавои ҳамкориҳои ояндаи худро бо Вашингтон эълон накардааст, котиби давлатӣ Колин Пауэлл гуфт, номгӯи дархостҳое ки Покистон пазируфт, иборат аст аз боз кардани ҳарими ҳавоӣ барои ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида, бастани марз бо Афғонистон барои роҳ надодан ба фирори террористон, қатъи судури маводи сӯхт ба Афғонистон ва истифодаи Вашингтон аз махзани маълумоти иктишофии Покистон. Вазири корҳои дохилии Покистон Муҳиддин Ҳайдар рӯзи душанбе дар ин робита гуфт: "Мо муддати дарозе бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ кардаем ва дар ин масъалаи террорисм низ ҳамкорӣ хоҳем кард, аз ҷумла бо табодулаи маълумоти иктишофӣ." Аммо ҷаноби Хаттак, таҳлилгари умури минтақа мегӯяд, афкори умум дар робита бо ин қарори раҳбарияти Покистон мусбат нест. Ба навиштаи нашрияҳои ғарбӣ раҳбарияти Покистон, ки дар миёни обу оташ афтодааст, барои манёврҳои сиёсӣ фазои хеле танг дорад ва ягона роҳи барои Исломобод нисбатан амалӣ ин аст, ки Толибонро ба боздошти Осама бин Лодин, айбдоршавандаи асосии ҳамлаҳои ахири террористӣ дар Иёлоти Муттаҳида водор созад. Генерал Мушарраф дар номаи худ ба унвони раҳбари толибҳо Мулло Умар ӯро огоҳ кард, ки дар тасимигирӣ бисёр эҳтиёт кунад, зеро ҳаёту мамоти мардуми афғон дар миён аст. Баъди гуфтугӯи фиристодагони Мушарраф бо мулло Умар, сухангӯи толибҳо гуфт, ин гуфтушунид хеле мусбат буд ва шаст дарсад вазъиятро ба ҳолати мӯътадил бозмегардонад. Ҳарду тарафҳ, афзуд ӯ, мутмаъинанд, ки сӯйитафоҳуми миёни толибҳо ва Иёлоти Муттаҳида бояд ҳал карда шавад. Сухангӯи толибҳо аз ҷузъиёти мулоқот чизе нагуфт ва афзуд акнун чунин гуфтушунид дар Кобул идома хоҳад ёфт. Вазири корҳои хориҷии Давлати исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ дар мусоҳиба бо телевизиони СиЭнЭн сафари ҳайъати баландпояи покистониро барои гуфтушунид бо толибҳо як роҳи ба таъхир андохтани зарбаҳои Иёлоти Муттаҳида номид ва афзуд, агар толибҳо машварати Исломободро гӯш накунанд, ин чунин маъно хоҳад дошт, ки Покистон нирӯеро ба дунё овард, ки акнун аз назораташ баромадааст ва бо раводиди комили худ амал мекунад. Дар поёни мулоқоти ҳайъати покистонӣ бо мулло Умар дар Қандаҳор чизе роҷеъ ба сарнавишти ояндаи Бин Лодин гуфта нашуд. Вале ба гуфтаи нашрияҳо ҳатто боздошти айбдоршавандаи шумораи аввал гумон аст, пинҳонгоҳҳои Афғонистонро аз зарбаи Америка комилан эмин гардонад. Дар ҳамин ҳол сухангӯи ҳукумати Покистон гуфт, Исломобод умедвор аст, ки раҳбарияти толибҳо ба маслиҳати президент Мушарраф гӯш хоҳанд дод. Вай афзуд, "гардиши ҷиддӣ дар мавқеъи толибҳо аз имкон берун нест."

XS
SM
MD
LG