Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурҳониддин Раббонӣ хабари марги Аҳмадшоҳ Масъудро тасдиқ кард



Соҷидаи Мирзо

Ба думболи ин намояндагиҳои дигари Афғонистон низ аз марги фармондеҳи машҳур хабар доданд. Вазири дифоъи Русия Сергей Иванов ба фармондеҳи нави Эътилофи Шимол генерал Муҳаммад Фаҳим таъзия баён намуд.

Президенти барканоршудаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ рӯзи шанбе хабари марги фармондеҳи Эътилофи Шимол генерал Аҳмадшоҳ Масъудро таъид кард. Ба думболи ин намояндагиҳои дигари Афғонистон низ аз марги фармондеҳи машҳур хабар доданд. Вазири дифоъи Русия Сергей Иванов ба фармондеҳи нави Эътилофи Шимол генерал Муҳаммад Фаҳим таъзия баён намуд. Аҳмадшоҳи Масъуд, 9 сентябр аз бомбаи ду шаҳодатталаб, ки худро хабарнигорони арабӣ муаррифӣ кардаанд, шадидан захмӣ шуд. Дар тули як ҳафта гоҳо хабари марги ӯ ва гоҳи дигар аз сӯиқасд ҷон ба саломат бурданаш якдигарро иваз мекарданд. Дар ин муддат Генерал Муҳаммад Фаҳим фармондеҳи нави Эътилофи Шимол таъин шуд ва дар Душанбе мулоқоти вазирони хориҷии Ирон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Русия ва кишварҳои дигари минтақа баргузор гардид, ки ба вазъи Афғонистон, баъди сӯиқасд ба ҷони Масъуд бахшида шуд. Баъди ин мақомоти Эътилофи Шимол хабар доданд, ки вазъи сиҳати Масъуд рӯ ба бадшавист.

XS
SM
MD
LG