Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 сентябр рузи мотам дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣ



Холидаи Қодир

Мотам ба хотири ҳазорон нафар инсони бегуноҳ, ки бар асари ҳуҷуми терористии рузи сешанбе дар Ню Йорк ва Вошингтон кушта шуданд.

Мақомоти дифоъи Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, қуттиҳои сиёҳи ҳавопаймое, ки ба Пентагон бархӯрда буд, пайдо гардиданд. Қуттии сиёҳ навори махсусе дар кабинаи ҳавопаймо аст, ки дар он садоҳо сабт мешаванд. Аз ин сабаб, пайдо шудани он барои маълум кардани ҳодисае, ки дар ҳавопаймо, дар охирин лаҳзаҳои қабл аз бархӯрдан рӯй медоданд, басо муҳим аст. Сухангӯи вазорати дифоъи Амрико Врайан Витман гуфт, ки қуттиҳои сиёҳ ба муфатишон супорида шуданд. Интизор меравад, ки онҳо дар бораи парвози яке аз чаҳор ҳавопаймои рабудашуда маълумоти фавқуллода муҳим хоҳанд дод. Дар натиҷаи задани ин ҳавопаймо ба Пентагон тахминан 190 нафар ба ҳалокат расиданд. Бархӯрдани ду ҳавопаймои дигар ба Марказии ҷаҳони тиҷорат қариб 5 ҳазор нафарро қурбон кард. Дар чаҳор ҳавопаймои рабудашуда 266 нафар кушта шуданд.

Дар ин миён, полиси Олмон як мардеро, ки дар шаҳри Ҳамбург, дар робита ба ҳамлаҳои террористӣ болои Амрико боздошт гардида буд, бе гузоштани айбнома озод кард. Сухангӯи Додситонии Федералии Олмон мегӯяд, ки полиси ин кишвар дар робита ба ҳамлаҳо болои Амрико дар маҷмӯъ як нафарро боздошт карда буд. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ки дар рабудани ҳавопаймоҳо ҳадди аққал 18 нафар ширкат карданд ва онҳо дар Амрико ва хориҷ аз он теъдоди зиёди ёварон доранд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Игор Иванов имрӯз ҳушдор дод, ҳамлаҳои ҷавобии Амрико масъалаи терроризми байналмилалиро дар дарозмуддат аз байн нахоҳанд бурд. Дар мусоҳиба ба телевизиони СНН Иванов гуфт, назари Русия ин аст, ки ба ин масъала тамоми ҷаҳон бояд дар якҷоягӣ посух диҳад. Ӯ афзуд, Владимир Путин гуфтааст, ки Русия омодаи ҳама гуна кӯмаки зарурӣ мебошад. Вале фармондеҳи кулли нируҳои мусаллаҳи Русия Анатолий Квашнин имрӯз изҳор кард, дар гумон аст, ки Русия ба ҳеҷ яке аз ҳамлаҳои ҷавобии Амрико ҳамроҳ шавад. Ва вазири дифоъи Русия Игор Сергеев низ ҳамин рӯз иброз дошт, ки вай ҳеҷ асосе намебинад, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамлаҳои НАТО болои Афғоснитон истифода шаванд.

Имрӯз сокинони тамоми кишварҳои Аврупо соати 12 и нимарӯз ба ёди кушташудагони ҳамлаҳои террористӣ як дақиқа сукут варзиданд. Дар ин дақиқа дар роҳҳо мошинҳо низ бозистоданд. Дар Франсия дақиқаи ёдбуд бо занги тамоми калисоҳо идома дошт. Парламенти Британия ба думболи лаҳзаҳои хомӯшӣ, баррасии бӯҳрони баамаломадаро шурӯъ кард. Дар Лондон Маликаи Британия Элизабет ва нахуствазир Тони Блеэр якҷо бо ду ҳазор шаҳрванд дар маросими ёдбуди қурбониён ширкат карданд.

Президенти Иёлорти Муттаҳида Ҷорҷ Буш ҳамин ҷумъаро рӯзи ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ ва рӯзи дуо барои онҳо, эълон кардааст.

Нахуствазири Британия Тонӣ Блеэр даъват кард, то барои муҷозоти масъулони ҳамлаҳои террористӣ чораҳои шадид гирифта шаванд. Вале ӯ афзуд, ки ин чораҳо ба зидди масъулон, баъди ба даст овардани шаҳодати ҷиддӣ ба роҳ монда шаванд.

навор: вале як нукта бояд хеле рӯшан бошад. Бо чунин амал террористон ва пуштибонҳои онҳо, худро душмани тамоми ҷаоҳни мутамаддин карданд. Ҳадафи онҳоро мо медонем. Ҳадафи мо - ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое хоҳад буд, ки ин амали зиштро ба роҳ монда, кӯмак намуда, ташвиқ ва таҳрик кардаанд.

Блеэр президенти Амрико Ҷорҷ Бушро ситоиш кард, ки барои интиқоми ҳамлаҳо тасмими шитобкорона нагирифт. Нахуствазири Британия ҳамчунин таъкид намуд, ки мусулмонони мӯътадил ва дини Исломро набояд ба ҳеҷ сурат ба ин ҳамлаҳо робита дод.

Дабири кулли НАТО Ҷорҷ Робертсон имрӯз изҳор дошт, ки паймони Атлантики Шимолӣ барои инти �оми ҳамлаҳо болои Амрико, зарбаҳои кӯр кӯрона нахоҳад зад. Робертсон гуфт: тарҳрезони ҳамлаҳои террористӣ шояд умедвори он бошанд, ки Амрико бемулоҳиза ҳуҷумҳои интиқомҷӯёна мекунад ва дар натиҷа, харобиҳои бештар ба бор меоянд. Робертсон афзуд: мо худро ба сатҳи террористон поён намекунем. Ҷорҷ Робертсон ин суханонро зимни боздидаш аз Македония баён кард. Президенти Македония Борис Трайковски гуфт: македониҳо ҳамлаҳои ҷавобии Амрикоро ба ҳар шакл, ҳар вақт ва дар ҳар куҷо дастгирӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG