Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон: Бурду бохти даҳ соли истиқлолият



Брюс Паннир

Равандҳои мусбат ва манфии даҳ соли таърихи навтарини Тоҷикистонро мудири пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҳарвард, раиси Гурӯҳи байнулмилалии баррасии бӯҳрон Ҷон Шуберлин дар гуфтугӯ бо шореҳи Радиои Озодӣ Брюс Паннир баррасӣ намуда, онро мушкилтарин давраи Тоҷикистон номид.

Равандҳои мусбат ва манфии даҳ соли таърихи навтарини Тоҷикистонро мудири пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҳарвард, раиси Гурӯҳи байнулмилалии баррасии бӯҳрон Ҷон Шуберлин дар гуфтугӯ бо шореҳи Радиои Озодӣ Брюс Паннир ин тавр баррасӣ намуд:

"Даҳ соли истиқлолият барои Тоҷикистон, дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ, мушкилтарин давра буд. Зеро ҷанге ки бо фурӯпошии шӯравӣ дар ин ҷо сар зад ва панҷ сол давом кард, на танҳо ба иқтисодиёт, балки ба рушди сиёсӣ зарбаи харобиовар зад. Яке аз натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин буд, ки иқтисодиёт дар миёни ҷангсолорони гуногун тақсим шуд ва ҳоло ҳам асосан дар ҳамин шакл боқӣ монда, пешрафтро бисёр мушкил месозад. Ҳарчанд ҳукумат ба ислоҳот ва иқтисодиёти бозаргонӣ нисбатан назари мусбат дорад, кишвар барои сармоягузории байнулмилал маҳали шубҳанок боқӣ мемонад."

Ҷон Шуберлин дар баробари он ки шароити иқтисодиро чунин арзишёбӣ мекунад, ба вазъи сиёсӣ, махсусан дастовардҳои созиши сулҳ баҳои мусбат медиҳад. Вай мегӯяд:

"Созиши сулҳ, ки тақсими қудратро ба думбол дошт ва оппозисюнро ба идораи давлат ҷалб кард, пешрафти мусбат мебошад ва на танҳо аз он лиҳоз ки хусумати мавҷударо аз байн бурд, балки аввалин бор дар Осиёи Марказӣ опозиюни исломӣ эътироф ва қонунӣ шуда, соҳиби нақши сиёсӣ дар ҳукумат гашт. Ин муҳим аст, зеро бисёриҳо бар инанд, ки Ислом унсури муҳими ҷомеъа аст ва бояд дар саҳнаи сиёсӣ иштироки муносиб дошта бошад. Исломи сиёсӣ дар ягон кившари минтақа чунин имкониятро соҳиб нашудааст."

Бо вуҷуди ин аз дидгоҳи Ҷон Шуберлин, мудири пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҳарвард ва раиси Гурӯҳи байнулмилалии баррасии бӯҳрон созишномаи сулҳи Тоҷикистон на ҳамагонро фаро гирифт ва чеҳраҳои мӯътадилу солеҳ дар берун монданд, дар ҳоле ки асосан размандагони собиқ, ширкаткунандагони ҷанг ба мақомҳо расиданд. Аммо масъалаи аз ҳама муҳимро ҷаноби Шуберлин ингуна ба миён мегузорад:

"Дар миёни масъалаҳои муҳими даҳ соли истиқлолият як нуктаи аслӣ бояд эътироф шавад. Ҳарчанд мардум аксаран далел меоранд, ки бунёди ниҳодҳои демократӣ вақту фурсат металабад, зуҳури худкомагӣ як хатари ҷиддӣ ба ояндаи кишвар мебошад. Ҳоло маълум нест, ки Тоҷикистон дар ҷодаи демократияи ҳақиқӣ ҳаракат дорад ё на, аммо дақиқан маълум аст, майли рӯзафзун ба тарзи ҳокимияти авторитарӣ боло мегирад. Ин дар ҳақиқат як ҳодисаи манфии ҳамаи минтақа буда метавонад." (Баргардони Салими Аюбзод)

XS
SM
MD
LG