Пайвандҳои дастрасӣ

Бинои Радиои Тоҷикистон оташ гирифт



Тоҳири Сафар

Касе аз ин ҳодиса зарар надид. То ҳанӯз хисороти молӣ маълум нашудааст.

Баъд аз зуҳри 5-уми сентябр бинои Радиои Тоҷикистон оташ гирифт. Ба иттилои идораи сӯхторнишонии шаҳри Душанбе ба ҳам расидани ноқилҳои барқ сабабаи аслии оташ гирифтани долорҳои ҳаворасонӣ ва гармдиҳӣ дар бинои радио шудааст. Вале бо вуҷуди ин Радиои Тоҷикистон пахши мустақими барномаҳояшро дар ҳеҷ яке се шабакаи мавҷуда қатъ накардааст. Гуфта мешавад, як комиссияи махсус қазияи оташ гирифтани бинои радиоиро тафтиш мекунад вале то ҳол маблағи хисорати ин сӯхторро муаян накардааст. Бинобар иттилои расида алангаи оташ асосан ноқилҳои барқии шабакаи ҳаворасонӣ ва гармидиҳии биноро қисман хароб кардааст. Аммо утоқҳои кории эҷодӣ ва студияҳои сабти барномаҳо аз оташсӯзи эмин мондаанд. Гуфта мешавад, адами шабакаҳои замонавии огоҳкунӣ дар бинои радио боиси афзоиши сӯхтор шудааст. Як тан аз кормандони Радиои Тоҷикистон мегӯяд, мавҷудияти ин гуна шабака дар бино метавонист аз сар задани сӯхтор дар манзили кории эъҷодкорони тоҷик ҷилавгирӣ кунад. Шоҳидони воқеа мегӯянд, баъди огаҳи ёфтан аз сӯхтор кӯшиш кардан, тавассути дастгоҳҳои оташфишон дохили бино алангаи оташро хомӯш кунанд аммо аксари ин дастгоҳҳо ғайри қобили истифода буданд. Дар ҳамин ҳол фаъолияти сӯхторнишонҳои тоҷик низ дар хомӯш кардани оташ чандон қобили мулоҳиза набудааст. Зеро пас аз чанд дақиқа захираи оби мошинҳояшон комилан анҷом ёфта васоити оташнишони онҳо ғайриистифода шудааст. Аз ин ҷиҳат онҳо маҷбур шуданд, барои кӯмак хадамоти оташнишонии девизияи 201-уми Русияро даъват кунанд. Аҳли эҷоди Радиои Тоҷикистон ҳудуди ду соат утоқҳояшонро тарк гуфтанд ва берун аз бино интизори наҷот додани манзили корияшон буданд. Онҳо мегӯянд, сӯхтори бинои радио хеле аз нақшаҳои эъҷодияшонро таъғир медиҳад. Гуфта мешавад, дар ҷараёни оташсӯзӣ касе аз ходимони радио ва сӯхторнишонҳо зиён надидааст аммо бархе аз хабарнигорон мегуфтанд, то ҳол аз таъсири дуди заҳролуди сӯхтор ба худ наомадаанд. Бо истифода аз маврид журналистони тоҷик оҷезии сӯторнишонҳоро дар иҷрои вазифаашон ёдовар шудаанд. Сарраёсати сӯхторнишонӣ яке аз бахшҳои вазорати умури дохилаи кишвар маҳсуб мешавад аммо таҷҳизоти фарсудаи он имкон намедиҳад, ки ҳатто оташсӯзиҳои худро дар зудтарин фурсат хомӯш намояд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, Вазорати Умури Дохилаи Русия тасмим гирифтааст, ба раёсати сӯхторнишонии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллион рубл кӯмаки техникӣ расонад. Ва аммо як манба аз мақомоти оташнишонии кишвар мегӯяд, тӯҳфаи ҷониби Русия асосан иборат аз таҷҳизотест, ки қаблан дар истифода будааст.

XS
SM
MD
LG