Пайвандҳои дастрасӣ

"Модели" Ӯзбакистон дар даври гузариш ба тарзи нави хоҷагидорӣ



Антуан Блуа

Ба гуфтаи раҳбарони Ӯзбакистон онҳо "модели" махсуси даврони гузаришро таҷриба мекунанд. Вале дар амал, президент Каримов мухолифи ислоҳоти бахши кишоварзӣ аст ва ин ришта ҳамоно таҳти назари давлат, ба шакли марказиятёфта арзи вуҷуд мекунад.

Дар як ҷаласаи ахири деҳқонони Ӯзбакистон таъкид гардид, ки 99 дар сади маҳсулоти кишоварзии ин ҷумҳурӣ дар бахши хусусӣ тавлид мешавад. Ба гуфтаи раҳбарони Ӯзбакистон онҳо "модели" махсуси даврони гузаришро таҷриба мекунанд. Вале дар амал, президент Каримов мухолифи ислоҳоти бахши кишоварзӣ аст ва ин ришта ҳамоно таҳти назари давлат, ба шакли марказиятёфта арзи вуҷуд мекунад.

Аз шурӯъи истиқлолият, раҳбарони Ӯзбакистон кӯшиш карданд, ки назорати бевоситаи пахта ва маҳсулоти дигари хоҷагиҳои деҳқониро дар дасти худ нигоҳ доранд. Аз ин сабаб, агарчи колхозу совхозҳо ба ном хусусӣ шуданд, вале дар амал онҳо ба ширкатҳои оилавӣ табдил ёфта ва ҳамоно ӯҳдадор ҳастанд, ки бо квотаи муайянкардаи давлат пахтаву гандум кишт кунанд. Ҳосили рӯёнидаи онҳоро давлат бо нархи ночиз мехарад, ин нарх 15 то 25 дар сади нархи бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Дар натиҷа, ширкатҳо ҳамеша �арздор мебошанд ва наметавонанд, ки музди меҳнати кормандонашонро сари вақт пардозанд. Ҳукумати Ӯзбакистон зоҳиран, аз мақому вазъи кунунии ширкатҳо қаноатманд аст ва дар ояндаи наздик барномаи дигаргунсозии онро надорад.

Давлат заминро барои истифодаи абадӣ ба ширкатҳо додааст. Тибқи қонун аъзои ширкатҳо ҳақ доранд, ки як қисмати ин заминро чун замини хусусӣ истифода кунанд. Вале дар ин ҳолат низ онҳо бояд тибқи квотаи давлат пахта ё гандум кишт кунанд. Ширкатҳо, барои он, ки аъзояшон корро тарк накунанд, ба онҳо иҷозат медиҳанд, ки бо роҳҳои дигар аз замин фоида баранд. Масалан, ба кормандон иҷозат дода мешавад, ки дар наздикии замини кишт гову чорво парвариш кунанд. Вале аз ҷониби дигар, ин чорво ба ҳосил зарари ҷиддӣ мерасонад ва давалт барои ин кор муҷозот таъин кардааст.

Тибқи квотаи муайянкардаи давлат, деҳқонон як қисмати хурди замини ширкатҳоро ба ихтиёри худ барои маҳсулоти дигар истифода мекунанд. Маҳз аз ҳамин бахш, деҳқонон бозорҳоро бо мева, сабзавот ва гӯшту шир таъмин менамоянд. Чунин тарзи бизнеси озод ҳам барои худи кишоварзон ва ҳам барои ширкатҳо фоидавоар аст. Вале тавре гуфтем, ширкатҳо дар истифодаи замин маҳдудият доранд. Давлат бештар манфиатдор аст, ки бахши бузурги заминро барои кишти пахта истифода кунад, пахтае, ки онро аз деҳқон бо нархи арзон харида дар бозори ҷаҳонӣ бо қимати гарон ба фурӯш мерасонад.

Соҳибони ширкатҳо тадриҷан, аз пайи он ҳастанд, ки масъулияти худро дар назди давлат сабуктар намоянд ва заминро ба деҳқонон иҷора дода, фоида бардоранд. Аксари онҳо роҳи ҳалро дар ҳокимони маҳаллӣ мебинанд. Дар шароити Ӯзбакистон, ки корҳо бо дӯстбозиву хешутаборпарастӣ пеш мераванд, раҳбарони ширкатҳо маъмулан, бо ҳокимони маҳаллӣ робитаи наздик доранд. Ҳоло ин як шабакаест, ки дар он вазифаи деҳқон ҳосил рӯёнидан аст, вазифаи раҳбарони ширкат додани замин ба деҳқон ва вазифаи ҳокимони маҳаллӣ ҳимояти тамоми шабака. Чунин вазъият то замоне идома пайдо хоҳад кард, ки ҳукумат ба хусусигардонии воқеъии соҳаи кишоварзӣ иҷоза диҳад. Вале то он замон чунин аст, воқеъияти ҳол дар паси модели Ӯзбакистон барои даврони гузариш ба тарзи нави хоҷагидорӣ.

(Баргардони Холидаи Қодир)

XS
SM
MD
LG