Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қотилони Ҳабиб Сангинов ба додгоҳ фиристода шуд



Раҳматкарими Давлат

Мақомоти интизомии Тоҷикистон имрӯз ҳафт нафарро расман дар куштори Ҳабиб Сангинов муттаҳам дониста, парвандаи ҷиноии онҳоро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон имрӯз ҳафт нафарро расман дар куштори Ҳабиб Сангинов муттаҳам дониста, парвандаи ҷиноии онҳоро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд. Собиқ муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҳабиб Сангинов бо ронанда ва муҳофизонаш 11-уми апрели соли равон дар минтақаи Калинини шаҳри Душанбе ба қатл расида буд. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҳомдин Шарипов мегӯяд, ки қотилони Ҳабиб Сангинов размандагони собиқи опозиция ҳастанд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишоти қаблӣ ошкор кардааст, ки қотилон силоҳеро, ки дар куштани Сангинов истифода кардаанд аз дасти Назар Ёрмуҳаммадов гирифтаанд. Бародари Назар, Ҳасан Ёрмуҳаммадов фармондеҳи собиқ мухолифин ва полковники вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ феълан дар қатори ин ҳафт нафар дар интизори оғози баррасии парвандааш дар боздошт ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG