Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси сохтори минтақавии Энержии Осиёи Марказӣ



Грегори Глисон (ЕвразияНет)

Оё ин иқдом ба тақсими одилонаи об дар минтақа кумак мекунад?

Моҳи гузашта кишварҳои Осиёи Марказӣ созишномаеро дар мавриди сохтори минтақавии енержӣ тасвиб намуданд, ки дар сурати татбиқи он манофеъи ҳамаи кишварҳои минтақа дар самти истифода аз энерҷӣ риоя хоҳад шуд, ҳарчанд ба назари коршиносон тақсими одилонаи об дар минтақа кори осон нест. Кушишҳои байналмилалӣ перомуни ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ дар байни кишварҳои минтақа дер боз вуҷуд доштанд. Аз замони футури Шуравӣ кишварҳои собиқи он бо сохтори заъиф ва садамапазири энержӣ дар мубориза мебошанд. Низоми Шуравӣ истеҳсоли энержиро тавассути сохторҳои ҷудогона ба роҳ монда буд. Дарёфти истиқлолияти миллӣ мантиқи нави молиро дар ин сохтор ба миён овард ва зиёни сохтори энержии шуравиро онро собит кард.

Намояндагони вазоратҳои энержии кишварҳои минтақа аз замони шикасти Шурувӣ барои ҳамоҳангӣ дар панҷ сохтори мухталифи энержӣ кушиш намуда мунтазам мулоқот мекунанд. Моҳи гузашта Шурои Энержии Кишварҳои Осиёи Марказӣ билохира ба баҳсҳои тулонӣ хотима гузошт ва созишномаи ниҳоиро дар мавриди ташкили системаи муттаҳидаи энержӣ дар Бишкек ба тасвиб расонд. Ин сохтор системаҳои энержии миллии Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон Узбакистон ва Туркманистонро бо теъдоди 80 ниругоҳи барқӣ ва тавони истеҳсоли 24,5 миллон киловат нируи барқ ба ҳам овард. Онҳо ҳамчунин тавассути пайванди Қазоқисон ба сохтори муттаҳидаи Энержии Руссия ва аз он ба шабакаи саоросари Авроосиё пайванд мешаванд. Ин шабака тавони онро дорад, ки 92 миллон киловат- соати барқро бо нархе ба кишварҳо тақсим кунад, ки аз зарурат ва талаботи онҳо берун меояд. Шабакаи мазкур истифодаи нархҳои умумӣ ва қобили савдоро дар назар дорад. Татбиқи ин барнома душвор аст, аммо шароити ҷуғрофии минтақа принсипҳои худро дикта мекунад. Барои намуна Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон кишварҳои содиркунандаи нафту газ номбар мешаванд. Тоҷикистон ва Қирғизистон аз захираи ночизи газу нафт бархурдоранд, аммо имкон доранд, ки аз об нируи барқ истеҳсол кунанд. Сохтори ягонаи энержӣ бояд ба равобити муассири иқтисодӣ миёни панҷ кишвари минтақа мусоидат кунад. Тибқи созишнома Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон мувофиқат намуданд, ки қиммати нируи энержиро ба таври ғайринақдӣ пардохт кунанд. Мутобиқи қарордоди сохтори ягонаи энержӣ Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистонро бо нируи барқ таъмин мекунад. Узбакистон қиммати нируи барқро бо гази табии ва маҳсулоти нафтӣ ҷуброн хоҳад кард. Қазоқистон ба Қирғизистон нафту ангишт мефиристад.

Аз суи дигар сохтори нави энержӣ тавони онро надорад, ки тамоми худбартарбиниҳои давлатҳои минтақаро аз байн бубарад. Соли гузашта бинобар қатъ шудани гази Узбакистон Қирғиизистон оби мавҷударо барои истеҳсоли нируи барқ истифода намуд. Аз паёмади он барномаи иррегатсионии Узбакисттон феълан ба мушкил мувоҷеҳ шудааст. Созишномаи нав метавонад чунин рафторҳоро то андозае коҳиш диҳад. Аммо наметавонад ихтилофи назарро дар мавриди пардохти қиммати об, ки кишварҳо аллакай ба баҳси он ворид шудаанд, комилан аз байн бубарад. Баъзе намояндагони мардуми дар Парлумони Қирғизистон далел пеш меоранд, ки об низ чун моли дигари бозор бояд нарху наво дошта бошад. Аммо Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев идеяи пардохти қиммати обро аз ҷониби кишвари худ ва Узбакистон ғайри қобиликабул номида онро ҳамчун поймол гардидани меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунад.

(Баргардони Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG